24-05-2021

Мулоқоти маҷозии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд

Рӯзи 24 майи соли 2021 мулоқоти маҷозии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои мазкур, Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҷаноби Ян-Питер Олтерс баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд даъват ва иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, ҷаноби Ян-Питер Олтерс оғоз намуда, вобаста ба рӯзномаи ҷаласа, маърӯзачиён ва инчунин, оид ба нақши шарикони рушд дар рушди иқтисодиёти кишвар ибрози назар намуд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода муаррифнома оид ба фаъолияти Шӯро ва ислоҳоти татбиқшуда дар доираи фаъолияти он манзури иштирокчиёни ҷаласа гардид. Дар муаррифнома вобаста ба дастовардҳои фаъолияти Шӯро дар соли 2020, аз ҷумла ислоҳоти татбиқшуда дар бахши андозу гумрук, кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои соҳибкорону сармоягузорон, бахши ҳунармандӣ, беҳтар кардани нишондиҳандаҳои кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятнок дар соли 2021 маълумот пешниҳод гардид.

Муаррифномаи мазкур аз ҷониби Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд баҳои баланд гирифта, қайд гардид, ки Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ майдони муҳим ва самарабахши муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома, муаррифномаи Геннадий Василев, Сардори Департаменти корҳо бо шарикони Фонди рушди Авруосиё дар Тоҷикистон шунида шуд. Дар рафти муаррифномаи мазкур, вобаста ба сохтор, вазифа, мақсад, буҷа, лоиҳаои сармоягузории Фонд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои Фонд маълумоти мухтасар пешниҳод гардид. Ҳамзамон, зимни муаррифӣ, намоянади Фонди мазкур оид ба бахшҳои калидии дастгирӣ ва стратегияи Фонд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.

Чорабиниро Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҷаноби Ян-Питер Олтерс ҳусни анҷом бахшида, вобаста ба нақши Шӯро дар таҳким ва рушди бахши соҳибкорию сармоягузории кишвар сухан карда, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо дуҷонибаю бисёрҷониба қарорҳои дахлдор қабул гардид. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид