26-05-2021

Таҳияи маҷмуаи 100 лоиҳаҳои сармоягузории ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ)

Бо мақсади ҷалби сармоя ба рушди иқтисодии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид маҷмуаи “100 лоиҳаҳои сармоягузории ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” таҳия карда мешавад.

Маҷмуаи мазкур маълумоти заруриро ба доираи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ оид ба иқтидорҳои сармоягузории НТҶ пешниҳод менамояд. Маҷмуа фарогири 100 лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки тибқи талаботи муосир омода шудааст, мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ноҳияҳои тобеи марказ аз ноҳияҳои Варзоб, Рудакӣ, Файзобод, Шаҳринав, Рашт, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Роғун, Турсунзода иборат буда, дорои захираҳои бузурги фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар заминаи рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мебошад.

Аксари шаҳру ноҳияҳои НТҶ дар гирду атрофи пойхтахти мамлакат ҷойгир буда, дорои инфрасохтори зарурӣ барои рушди соҳаҳои зикргардида мебошанд.

Мавриди тазаккур аст, ки қонунгузории мамлакат дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ мукаммал гардида, имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ ба соҳибкорону сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳуқуқӣ сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Вобаста ба ин, бахши коркарди ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он, дар ҳамаи бахшҳои соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Аз ин ру, таҳия ва пешниҳоди маҷмуаи “100 лоиҳаҳои сармоягузории ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва ба ин васила таъмини рушди соҳаҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ такони нав хоҳад бахшид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид