27-05-2021

Васеъгардонии дастрасии молиявӣ ба соҳибкорон

Рӯзи 27 майи соли 2021 бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Палатаи савдо ва саноати Амрико дар Тоҷикистон муаррифии мањсулоти молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КМБ) дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор гардид.

Маќсад аз баргузории чорабинї баррасии роњњои васеъгардонии дастрасии соњибкорон ба захирањои молиявии мусоид ва машваратњои касбии сатњи байналмилалї, омодасозии лоињањои сармоягузорї ва маблаѓгузории онњо, инчунин омузиши таљрибаи байналмилалї дар ин самт ба шумор меравад.

Дар чорабинӣ намояндагони васеи бахши хусусии ватанӣ, инчунин, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва сармоягузорони хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоњи чорабинї, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Дилшод Одиназода, Раиси Шурои директорони Палатаи савдо ва саноати Амрико дар Тоҷикистон, Томас Њаллам, роњбарияти Намояндагии Бонки аврупоии таљдид ва рушд дар Тољикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявї дар Тољикистон вобаста ба нақш ва рушди бахши хусусии кишвар, ислоҳти татбиқшуда бо мақсади беҳтар кардании фазои сармоягузорӣ таҳти роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва Ҳукумати кишвар суханронї намуданд.

Сипас, тибқи рӯзномаи чорабинӣ, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Фаррух Султонов муаррифномаи муфассалро оид ба фаъолият ва хизматрасониҳо барои соҳибкорони ватанӣ ва рушди фаъолияти онҳо дар самти соҳибкорӣ пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки мақсади асосии фаъолияти КМБ дар Тоҷикистон - рушди бахши хусусӣ ва дар ин замина беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар буда, як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногун дастгирӣ ва муваффақона амалӣ гардидаанд.

Қисмати дигари чорабинӣ ба муаррифии роликњои видеої ва мањсулоти молиявии Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон бахшида шуд. Масъули бахши бонкдории Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, Алишер Маъруфӣ ва Директори Барномаи Намояндагии Бонки мазкур, Ситора Бобоҷонова вобаста ба пешниҳоди қарз ва хизматрасонињои машваратӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, молия, энергетика, нақлиёт ва логистика, рушд ва дастгирии соҳибкории занон баромад карданд.

Инчунин, якчанд наворҳо вобаста ба муваффақиятҳои кор бо муштариёни бонк, тарзи пешбурди кору фаъолияти соҳибкорӣ ва усули пешниҳоди машваратҳои касбӣ намоиш дода шуд.

Атрофи масъалаҳои дар чорабинӣ баёнгардида миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Чорабиниро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҷамъбаст намуда, тақвият бахшидани ҳамкориҳоро вобаста ба масъалаҳои мазкур мувофиқи мақсад арзёбӣ ва дар ин самт ба иштирокчиён барору комёбиҳо таманно намуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид