14-05-2021

Нахустин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди раиси шаҳри Истаравшан

14 майи соли равон бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода - раиси Шӯро, аъзоёни Шӯро, соҳибкорони маҳаллӣ, масъулини соҳа ва роҳбарони корхонаҳои саноатии калони шаҳр нахустин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди раиси шаҳри Истаравшан баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушд ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Нахуст раиси Шӯро Адҳам Маъмурзода ҳозиринро бо рӯзномаи корӣ ва ҳайати нави Шӯро шинос намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳои худ бо соҳибкорону сармоягузорон мақом ва нақши назарраси соҳибкорони мамлакатро дар таъмини ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз ба таври махсус таъкид менамоянд.

Дар ин радиф саҳми соҳибкорони бо нангу номуси шаҳр низ дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр назаррас аст. Зеро, ҳамасола аз ҷониби онҳо корхонаҳои саноатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна ва ғайра сохта ба истифода дода мешаванд, ки барои таъсиси теъдоди зиёди ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Сипас, гузориши Мамурзода Нозим - мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Истаравшан доир ба Низомномаи Шуро ва амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шаҳр ба ҳолати 1 майи соли 2021 шунида шуда, масъалаҳои ҷойдошта бо музокироти ҳозирин баррасӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Истаравшан ба ҳолати 1 майи соли 2021, 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ аз ҷумла лоиҳаҳои "Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон (марҳилаи 2)", "Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ", "Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал", "Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ", "Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш", "Рушди таҳсилоти олӣ", "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо (марҳилаи 4)" ва лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID - 19 амалӣ гардид, ки дар доираи онҳо дар шаҳр 7, 15 млн доллари ИМА азхуд карда шудааст.

Дар идома Фаррух Толибӣ намояндаи ҶДММ "Асрори Истаравшан" ва ташкилоти ҷаиъиятии "Орзуи Шифо" оид ба таъсиси корхонаи нави саноатӣ ва ташкилоти ҷамъиятии зикршуда, Абдуҷабборов Бахтиёр роҳбари ташкилоти ҷамъиятии рушди ҷомеа - оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии рушди ҷомеа ва корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Файзи Барор" ва Ёқубов Мурод сардори ташкилоти ҷамъиятии "Ёвар" оид ба пешниҳод ва баррасии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар шаҳр, назорати сифатнокии мумфаршкунии роҳҳо ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии соҳибкорон тавсияву пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Дар баррасии масъалаҳо фикру андеша ва пешниҳодҳои соҳибкорони муваффақи шаҳр Мазбут Бойҷонов, Раҳим Юсупов, Аловаддин Калонов, Мутулло Маҷидов, Баҳром Мамуров ва дигарон шунида шуд.

Дар фарҷоми кори Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди раиси шаҳри Истаравшан аз ҷониби раиси Шӯро Адҳам Маъмурзода дар назди Шӯро ва аъзои он вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Доир ба масъалаҳои пешниҳодшуда ва баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид