05-07-2021

Татбиқи лоиҳаҳо дар водии Рашт

Дар доираи ҳамкориҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт татбиқи як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Таъсиси имкониятҳои шогирди ва шуғл барои ҷавонон ва занон» идома дорад.

Дар ин замина, 3 июли соли 2021, дар деҳаи Ҳоити ҷамоати деҳоти ноҳияи Рашт, семинари омӯзишӣ бо иштироки 30 нафар ҷавонон баргузор гардид, ки аз онҳо 14 нафарашонро занон ташкил намуданд.

Мақсади омӯзиш мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонону занон вобаста ба ҷалб ва фарогирии онҳо бо шуғл буда, дар рафти он ҷанбаҳои васеи соҳибкорӣ, таҳия намудани нақшаи тиҷоратӣ, масъалаҳои андозбандӣ, муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва таҳкими он омӯзонида шуд.

Семинар аз ҷониби ташкилоти Ҷамъиятии Юнона гузаронида шуда, дар он Сарвари ичрояи ТҶ ЮНОНА, Рахимов Уктам, мураббӣ-коршинос Тахмина Саломова, котиби Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт, Сайдалӣ Сайдрахмонов штирок намуданд.

Дар ҷамъбаст 20 нафар ҷавонон лоиҳаи нақшаи тиҷоратии худро пешниҳод карда, аз тарафи ташкилоти ЮНОНА соҳиби сертификат гардиданд.

Ҳамин гуна семинари омузишии якруза бо иштироки масъулони фавқуззикр ва 30 нафар ҷавонон, аз онхо 10 нафарашон занон 4 июли соли 2021, дар бинои лисеи техникии ноҳияи Тоҷикобод, баргузор гардид. Дар натиҷа ба 18 нафар ҷавонон барои пешниҳоди лоиҳаҳои нақшаи тичоратӣ сохиби сертификати ташкилоти ЮНОНА супорида шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид