07-07-2021

Ҳамоиш дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон”

Имрӯз, дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон”, бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.

IMG_7004.jpg

Мизи мудавварро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода ифтитоҳ намуда, пас аз пазироии иштирокчиён нахуст оид ба тадбирҳои амалинамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ, ислоҳоти куллӣ дар ин самтҳо ибрози назар намуд.

IMG_6996.jpg

Тавре қайд гардид, дар замони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуданд, ки имрузҳо натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Дар натиҷаҳои ислоҳотҳои дар самтҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи байналмилалии мамлакат дар ин самт устувор ва ҷумҳурии мо борҳо соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидааст, ки ҳамаи ин баёнгари нақши роҳбарикунанда ва барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои соҳибкориву сармоягузорӣ маҳсуб меёбад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар заминаи фаъолияти чандсолаи он Корхонаи воҳиди давлатии “Саноатсодиротбонк” таъсис дода шуд, ки барои дастгирии молиявии соҳибкорон равона карда шудааст. Саноат яке аз соҳаҳои муҳим ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардид. Лоиҳаҳои дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ ба монанди Неругоҳи барқию обии Роғун, хати интиқоли барқи CASA-1000, роҳҳои оҳани минтақавӣ, шабакаи роҳҳои минтақавии автомобилӣ, нақбу пулҳо ва дигар ташаббусҳо идома дошта, симои сармоягузории мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ба куллӣ тағйир дод.

IMG_7017.jpg

Ҳаҷми сармоягузориҳо дар мамлакат сол аз сол афзоиш ёфта, танҳо дар солҳои 2013-2020 ба рушди иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 65 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор дошта, маблағи умумии онҳо наздики 40 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Амирҷон Убайдуллоев, раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Холиқзода Ҳоким, муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Шарифӣ, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Назрулло, намояндаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирсаидов Аброр, директори ширкати “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон, директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Норматова баромад намуданд.

IMG_7016.jpg

Баромадкунандагон, аз ҷумла вобаста ба иқдомот, ҳидояту роҳнамоиҳо ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии самтҳои соҳибкориву сармоягузорӣ, қабули қонунҳо, барномаю стратегияҳо, консепсияҳо нақши илм дар раванди ислоҳот, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, рушди давлату ҷомеа ва ҳаёти шоистаи мардуми мамлакат ва дигар ҷанбаҳо ибрози назар намуданд.

Пас аз баррасии мавзуъҳо иштирокчиён, атрофи маъалаҳои матраҳшуда мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

IMG_7021.jpg

Дар чорабинӣ қайд гардид, ки намояндагони бахши хусусӣ, нақши таърихӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сидқан дарк намуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир донишу малака ва имкониятҳои худ ҷиҳати дарёфти фишангҳои нави иқтисодӣ барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар ҷамъбаст, як қатор соҳибкорон дар намояндагӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва соҳаҳои гуногуни фаъолият, барои саҳми арзандашон дар корҳои ободонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум бо Ифтихорномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид