16-07-2021

Муаррифии Нақшаи тарҳезии Чаҳорчӯби нави ҳамкорӣ оид ба рушди устувор (ЧҲРУ)

Рӯзи 15 июли соли 2021 дар доираи ҳамкориҳо бо Намояндагии СММ (ДКСММ) дар Тоҷикистон чорабинӣ оид ба муаррифии ҷараёни омодакунии Чаҳорчӯби нави ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои давраи аз соли 2023 то соли 2026 баргузор гардид.

1mfa.jpg

Муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ, Ҳусейнзода Музаффар, Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Солеҳзода Ашурбой, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар ҶТ Синаноглу Сезин дар суханрониҳои худ оид ба моҳият ва аҳамияти лоиҳа, роҳандозии омодакунии он, раванди тасдиқ ва татбиқи минбаъдаи он, масъалаҳои лоиҳаи қаблии самти мазкур барои солҳои 2016 – 2020, таъмини иштироки фаъолонаи мақомот, вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт ибрози назар намуданд.

Иқтисодчии Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ Овайс Паррой (тариқи маҷозӣ) роҷеъ ба масъала ва хулосаҳои умумӣ, муовини Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Зайнаб-Аз-зовӣ вобаста ба қисматҳои таркибӣ ва ҷараёнҳо, фарқтятҳои лоиҳаи навбатӣ аз қаблӣ ва роҳбари гуруҳи Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ, Ана Лукатела масъалаҳои марҳилаҳо ва муҳлати лоиҳа, нақши ҷонибҳои манфиатдор, маханизмҳои идоракунӣ муаррифнома манзур намуданд.

2mfa.jpg

Ҳангоми муҳокима ба нақши бахши хусусӣ дар самти гузариш ба иқтисодиёти сатҳи нав (трансформатсияи иқтисодӣ), таъсиси ҷойҳои корӣ ва иқтисодиёти сабз, ки аз масъалаҳои муҳими татбиқи ислоҳот дар доираи фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад, дар посух ба савол ва мулоҳизаи намояндаи Котибот ҷанбаҳои масъалаҳои мазкур мушааххас карда шуд. Ҳамчунин, бо назардошти кумакҳо, мусоидат ва ҳамкориҳои босамари СММ ва Тоҷикистон дар яке аз марҳилаҳои муҳими лоиҳа ба ҷои “гузариш аз кумакҳо ба ҳамкориҳо” истифодаи мафҳуми “гузариш аз кумакҳо ва ҳамкориҳо ба ҳамкориҳои устувор” мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Дар чорабинӣ дигар иштирокчиён низ мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Марҳилаи муқаддимотӣ, давраи омодасозии лоиҳаи Барнома ва тасдиқи он солҳои 2021-2022 ва оғози татбиқи барнома соли 2023 дар назар дошта шудааст.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид