12 Октября 2021

Баргузории ҷаласаи 3-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

12 октябри соли 2021 таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи 3-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

1.jpg

Дар ҷаласа натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои ҷаласаи 2-юми фосилавӣ, рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXI Шурои машваратӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Шӯро баррасӣ гардид.

Нахуст, Муовини якуми Сарвазири мамлакат иштирокчиёнро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш дар ҷумҳурӣ таҷлил гардид, инчунин “Рӯзи соҳибкорон”, ки ҳамасола санаи 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, муборакбод намуда, беҳтарин таманниёти худро дар ҳаёту фаъолияташон иброз дошт.

2.jpg

Қайд карда шуд, ки истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзишмандтарин ҷашни миллию давлатӣ дар таърихи мамлакат ва рӯйдоди беназир ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Мулоқотҳои Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон, баргузории ҳамоишу форумҳои байналмилалӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, фароҳам будани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, таъсис ва фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузориро, ҳамчун муҳимтарин майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, баёнгари таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар таърихи мамлакат ва замони истиқлолият бесобиқа мебошад.

Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои асосӣ Саъдӣ Қодирзода, Котиби масъули Шӯро-раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пратибха Меҳта, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Рика Ишии, Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нав ва дигарон баромад намуданд.

3.jpg

Муовини якуми Сарвазири мамлакат қайд намуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат дастур дода шуд, ки вазорату идораҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ фаъолияти худро густариш диҳанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардида, барои расидан ба он, тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 27 майи соли 2020 қабул гардида, имрузҳо бомаром татбиқ гардида истодааст.

4.jpg

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати рушдкунанда дорои заминаҳои воқеии рушди саноат, аз ҷумла саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати маъдан ва дар ин замина рушди истеҳсолоти миллӣ мебошад. Барои рушди соҳаи саноат як қатор барномаву стратегияҳо, нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷолибгардонии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат барои солҳои 2021-2023 қабул гардида, дар натиҷаи татбиқи онҳо саҳми соҳа дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ мунтазам зиёд мегардад.

Вобаста ба баъзе масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ дар доираи ҷаласаҳои Шӯро Муовини Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, қарорҳои ҷаласаҳо ва супоришҳои Шӯрои машваратиро дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ таъкид кард.

5.jpg

Дар фарҷоми ҷаласа, бо дарназардошти мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои баёнгардида дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид