03-11-2021

Баргузории ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ 2 ноябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт Саъдӣ Қодирзода ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамраисон (раисони ноҳияҳои водӣ) ва аъзои Шӯро, котибони масъул, аъзои Шӯро, инчунин аъзои Шӯро ва намояндагони бахши хусусии ноҳияҳо ва шарикони рушд иштирок карданд.

Вобаста ба банди якуми рузнома оид ба рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 6-уми Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт Котиби масъули Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт, Саидраҳмонов Сайдалӣ баромад намуд.

Тибқи банди дуюми ҷаласа гузориши ҳамраисони Шӯро, раисони ноҳияҳои водии Рашт оид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ шунида шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Сурхоб», Cайдалӣ Сайдраҳмонов ва мушовир оид ба масъалаҳои рушди иқтисодии Лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Саидхоҷаев Фируз таҳлили вазъи иқтисодии ноҳияҳои водии Раштро мухтасаран муаррифӣ намуданд.

Тавре раисикунандаи ҷаласа Саъдӣ Қодирзода қайд намуд, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, раванди ободониву созандагӣ, сохта ва ба истифода додани иншоотҳои таъиноти гуногун дар водии Рашт тадбирҳои судманд андешида мешавад, ки он ба мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дар маҷмуъ ноҳияҳои минтақа мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқоту вохуриҳои судманд дар ноҳияҳои водии Рашт як қатор иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ оид ба ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ, аз ҷумла вобаста ба гирифтани қитъаи замин, иҷозат барои сохтмон ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ мушкилиҳои соҳибкорону сармоягузорон дар ин самт, ба кашолкорӣ роҳ додани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии иқдомҳои соҳибкорон ҳангоми гирифтани иҷозат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъкид гардид.

Саъдӣ Қодирзода гузаронидани рейтинги миллии фазои соҳибкориро хотиррасон карда, аз ҷониби роҳбарону масъулини ноҳияҳои водӣ ҷиҳати якҷо бо мақомоти дахлдор ҳамаҷониба корбарӣ намудан ва андешидани тадбирҳои заруриро дар ин самт таъкид намуд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт аз 7 июни соли 2021, ҷаласаи 3-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 12 октябри соли 2021 дар бораи таҳким ва таҳти назорати қатъӣ қарор додани фаъолияти шӯроҳои назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла водии Рашт супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Вобаста ба саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар водии Рашт дар татбиқи як қатор барномаю лоиҳаҳо, мусоидат, ҳамкорӣ ва ҳамоҳанг намудани мавзую масъалаҳо барои гузаронидани омӯзишу таҳлилҳо, дар доираи ваколатҳои Шӯро ба бахши хусусӣ додашуда зарурати иштироки фаъолонаи онҳо дар муҳокима, баррасӣ, пешниҳод ва таҳияи санадҳои ќонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа ибрози назар карда шуд.

Ҳангоми мубодилаи афкор баромадкунандагон вобаста ба саҳми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар самти баррасӣ, пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ тавсеаи фаъолияти заршуӣ дар дарёи Муксу, таъсиси бизнес-инкубатор дар ноҳияи Рашт, роҳандозии озмоишгоҳи хокшиносӣ, ҷамъоварӣ ва банду басти меваҳо, ба роҳ мондани ҷамъоварии пусту пашм ибрози назар намуданд.

Дар интиҳои ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид