29-10-2021

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ

Рӯзи 29 октябри соли 2021, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода бо Директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Осиёи Марказӣ, хонум Жужанна Харгитаи мулоқот намуд.

Дар раванди мулоқот, масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби БАТР дар самтҳои, иқтисодиёти сабз, беҳтар намудани соҳибкории бонувон, дастгирии Бонк ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбари Котибот таъкид намуд, ки саҳми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон тариқи татбиқи як қатор барномаҳо ва пешниҳоди қарз барои занону бонувони тоҷик назаррас аст. То имрӯз, аз ҷониби бонк бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна тариқи барномаи “Занҳо дар тиҷорат” ба занону бонувон ба маблағи 4.8 миллион евро дастгирии молиявӣ расонида шудааст. Зиёда аз 1 миллион евро тариқи бонкҳои мухталиф, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо онҳо ҳамкории зич ба роҳ мондааст, карз барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо гардидааст.

Дар анҷоми мулоқот, ҷонибҳо як бори дигар таъкид намуданд, ки идомаи ҳамкориҳо бо мақсади беҳтар намудани фазои соҳикорию сармоягузорӣ мувофиқи мақсад аст. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид