25-11-2021

Роҳандозии низоми беравод барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон низоми бидуни раводидро нисбат ба шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон ҷорӣ хоҳад кард. Тибқи ин ҳуҷҷат, низоми мазкур шурӯъ аз 1 январи соли 2022 амалӣ карда мешавад.

Дар қарори Ҳукумат гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Аргентина, Белгия, Олмон, Канада, ИМА, Фаронса, Ҷопон барои ворид шудан ба ҷумҳурӣ низоми бидуни раводид ҷорӣ карда мешавад.

Муайян карда шудааст, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони кишварҳои номбурда дар ҳудуди Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст. Дар айни ҳол тибқи қарори дигари қабулнамудаи Ҳукумати кишвар, шаҳрвандони боз 14 кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи гирифтани раводид бо тартиби содакардашуда доранд, дохил карда шуданд. Ҳоло шумораи ин гуна давлатҳо ба 112 мерасад, чунин бармеояд аз маълумоти сомонаи Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, ба қаламрави Тоҷикистон бидуни барасмиятдарории раводид шаҳрвандони кишварҳои зерин метавонанд ворид шаванд:

1. Австралия

2. АМА

3. Люксембург

4. Бруней

5. Кувайт

6. Қатар

7. Зеландияи Нав

8. ИМА

9. Исландия

10. Канада

11. Швейтсария

12. Малайзия

13. Маҷористон

14. Австрия

15. Аргентина

16. Олмон

17. Доминикан

18. Индонезия

19. Италия

20. Кореяи ҷанубӣ

21. Куба

22. Латвия

23. Литва

24. Малдив

25. Полша

26. Португалия

27. Сингапур

28. Туркия

29. Филиппин

30. Финляндия

31. Фаронса

32. Хорватия

33. Чехия

34. Чили

35. Шри-Ланка

36. Эквадор

37. Эстония

38. Юнон

39. Лихтенштейн

40. Монако

41. Арабистони Саудӣ

42. Баҳрайн

43. Белгия

44. Дания

45. Испания

46. Нидерландия

47. Норвегия

48. Таиланд

49. Урдун

50. Шветсия

51. Ямайка

52. Ҷопон

Ба хориҷиён воридшавӣ ба ҷумҳурӣ бидуни доштани ҳуҷҷати болозикр танҳо бо як шарт имконпазир аст. Онҳо метавонанд дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо як моҳ- 30 рӯз бошанд.

Пас аз муҳлати нишондодашуда онҳоро мебояд раводид бигиранд. Шаҳрвандони 14 кишваре, ки раводидро дар шакли содакардашуда имкони дастрас намудан доранд, инҳоянд:

1. Камбоҷа

2. Бутан

3. Гондурас

4. Кабо-Верде

5. Никарагуа

6. Гана

7. Камерун

8. Бенин

9. Танзания

10. Кения

11. Лаос

12. Конго

13. Бангладеш

14. Буркина-Фасо

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, бар асоси қарордод дар бораи низоми бидуни раводид барои сафар ба Тоҷикистон ба раводид ниёз надоранд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид