26-11-2021

Муаррифии ғолибони Барномаи Grow Your Business

26 ноябри соли 2021, дар Маркази рушди навовариҳо дар соҳаи соҳибкорӣ чорабинии демо-рӯз баргузор гардид, ки дар рафти он 8 нафар ғолиби Барномаи Grow Your Business лоиҳаҳои худро ба сармоягузорон, шарикон ва муштариён муаррифӣ намуданд.

262763754_435322397998871_6595656413671441166_n.jpg

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон, ҷаноби Тимоти Маршалл Ҷонс, ва намояндагони бахши хусусии ватанӣ иштирок намуданд.

Барнома бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ, рушди инноватсия, самаранокӣ ва рушди корхонаҳои хурд ва таъсиси ҷойҳои кории нав таҳия гардидааст.

262310971_435322447998866_465670538426685890_n.jpg

Татбиқи барномаҳои мазкур шоҳиди равшани дастгириҳои пайвастаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои татбиқгардидаи Ҳукумати мамлакат буда, шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони Барнома ифтихорномаҳо супорида шуд.

262223654_435322501332194_4444517045211393625_n.jpg

Айни замон Маркази рушди навовариҳо дар соҳаи соҳибкорӣ дархостҳоро дар самти тиҷорати электронӣ қабул намуда истодааст. Линк барои бақайдгирӣ: https://bit.ly/PEAKEcomReg

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид