03-12-2021

Баррасии Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ дар ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ

30 ноябри соли 2021 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, барои тақвият бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҳукумати кишвар як қатор имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардид. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, воридоти сармояи умумии хориҷӣ ба соҳа дар соли 2020 афзоиш ёфта, он нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 16,9 миллион доллари америкоӣ зиёд гардид. Дар соли 2020 воридшавии сармоягузории мустақим дар соҳаҳои парвариши зироат, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ 11,3 миллион доллари америкоӣ ва парвариши паранда 285 ҳазор доллари америкоиро ташкил дод.

Ҳамчунин, дар давоми солҳои 2019-2021 барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ 74, 5 миллион сомонӣ ва тариқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии хориҷӣ 66,7 миллион доллари америкоӣ равона гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки барои иҷрои пурраву самараноки нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тибќи супориши протоколии ҷаласаи ХVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №271 тасдиқ гардидааст.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид