08-12-2021

Баррасии масъалаҳои тиҷорати электронӣ тариқи маҷозӣ

Санаи 6 декабри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва мушовирон вобаста ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар рушди тиҷорати электронӣ таҳлилҳо мавриди баррасии пешакии якҷояи мақомот, бахши хусусӣ ва шарикон қарор дода шуданд.

Дар баррасии масъалаҳо намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии ИМА, Маркази тиҷорати байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва коршиносон иштирок карданд.

Мавриди зикр аст, ки таҳлилҳо самтҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии соҳа, таҷрибаи минтақа ва ҷаҳон дар самти тиҷорати электронӣ ва истифодаи он дар ҷумҳурӣ, таҳлили қонунгузории соҳа ва мукаммал намудани он, манфиатҳои тиҷорати электронӣ ба рушди маҷмуии ҷумҳурӣ ва дигар ҷанбаҳоро дар бар мегирад.

Дар ин раванд талаботи қонунгузории гражданӣ, қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи тиҷорати электронӣ, талаботи қонунгузорӣ дар бораи реклама дар соҳаи тиҷорати электронӣ, талаботи мубодилаи электронии иттилоот, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, талабот барои нигоҳ доштани паёмҳои электронӣ ва ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи қонунгузорӣ вобаста ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ, талабот ба низомҳои пардохтҳои электронӣ ва хизматрасониҳои пардохтӣ, инчунин андозбандӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ баррасӣ ва таҳлил гардиданд.

Тавре аз таҳлил бармеояд, ҳарчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷорӣ барои татбиқи тиҷорати электронӣ монеа эҷод намекунанд, ҳамзамон онҳо тамоми меъёрҳо ва талаботҳои марбут ба фаъолият дар соҳаи тиҷорати электрониро ба тарзи кофӣ танзим намегардад.

Аз ин ру, барои самараноктар ва мукаммалтар танзим кардани муносибатҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ дар самти тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон қабули санади ягонаи мукаммали қонунгузорӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тиҷорати электронӣ” бо фарогирии маҷмӯи ҳама талабот, қоидаҳо ва тартиботи ташкил ва танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардидааст.

Натиҷаҳои ниҳоии таҳлил бо тавсияҳои мушаххас оид ба рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро манзур мегардад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид