29 Декабря 2021

Баргузории Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон- 2021

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кулоб бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва коршиносон 28 декабри соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон – 2021 таҳти унвони “Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ” баргузор гардид.

1-11.jpg

Форумро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода ифтитоҳ намуда, тавре қайд кард, ҳадаф ва мавзуъҳои Форум шиносоӣ бо имкониятҳои соҳибкорӣ дар самти рушди саноат, баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолии саноатӣ, васеъ намудани истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кулоб, ҷустуҷўи роҳҳои муосиргардонии дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҷалби сармоя, дарёфти бозорҳои фурӯш, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба ва мубодилаи таҷриба байни минтақаҳо, баррасӣ ва ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷудаи минтақа дар самти соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини рушди соҳаҳои саноат ба ҳисоб меравад.

Муовини Раиси вилояти Хатлон, Сулаймонзода Акрам дар баромади худ оид ба нишондиҳандаҳои оморӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, нақшаю барномаҳои рушд, саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон дар таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва сатҳи некуаҳволии аҳолии вилоят ибрози назар намуд.

IMG_6563 (1).JPG

Дар форум Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатулло Саидзода, роҳбари маъмурияти МОИ “Кулоб”, Мустафо Абдуллозода, намояндаи КВД “Саноатсодиротбонк” Бахтиёр Абдуллозода, Директори ҶДММ “Кооператор”,-и шаҳри Кулоб, Гулсун Иброҳимова, Директори филилали ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Кӯлоб, Орзу Холиқов, Директори ТҶ «Рӯшноӣ»-и ноҳияи Рашт, Мирзошоҳ Акобиров, намояндаи Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон, Қутфулло Зиёдуллоев, намояндаи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Ҳусейн Додоҷонов ва дигарон баромад карданд.

Ҳангоми мубодилаи афкор баромадкунандагон вобаста ба таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасӣ, пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ, имконияти истифодабарӣ аз хизматрасониҳои бонкӣ, тавсеаи фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва банду басти меваҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва васоили банду басти меваҳо, ба роҳ мондани ҷамъоварии пусту пашм ибрози назар намуданд.

IMG_6576.JPG

Баргузории форуми навбатӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи саноат, хосса дар доираи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри ҳамин сол вобаста ба эълони солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» қобили зикр мебошад.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон – 2021 дар мавзуи “Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ” барои таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми вилоят ва дар маҷмуъ Тоҷикистон, инчунин тақвияти ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имкониятҳои дар минтақа мавҷудбуда мусоидат хоҳад кард.

Дар форум шаш санади ҳамкорӣ - Созишномаи ҳамкорӣ оид ба бунёди корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли набот, равған ва банду басти намаки ошӣ байни маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кулоб агросаноат” ва ёддоштҳои тафоҳум дар самтҳои ҷамъоварӣ, коркарди аввалия, банду баст ва фуруши маҳсулот, дар самтҳои сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии зиёратӣ, сайёҳии экологӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти таъсиси Ассотсиатсияи соҳибкории минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд.

Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён аз МД Минтақаи озоди иқтисодии “Кулоб” боздид намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид