15 Апреля 2022

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДОИР БА ЭЪЛОН НАМУДАНИ МОРАТОРИЙ – ИҚДОМИ ШОИСТА БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Андешаҳои роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуғаффорзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»

Дар шароити кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, афзоиши рақобатҳои тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, ҷорӣ гардидани маҳдудият дар масири интиқоли молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ амри саривақтӣ буда, ба фаъолияти бомароми субъектҳои соҳибкорӣ, афзоиши шумора ва миқёси фаъолияти соҳибкорон, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» доир ба мусоидати мораторий ба рушди иқтисоди миллӣ ва пешбурди бахши хусусию соҳибкорӣ чунин ибрози андеша намуд:

— Бо иқдом ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ислоҳоти назаррас бомаром идома дорад.

Дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” муайян гардидани бахши хусусӣ ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмини ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум аз таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат шаҳодат медиҳад.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳо дар ду соли охир раванди муосиргардонии хизматрасониҳо ва ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон тақвият ёфт.

Барои таъмини рушди устувори бахши хусусӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориву сармоягузорӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ боз ҳам мусоид гардида, Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ барои солҳои 2012 — 2020 дар се марҳала татбиқ гардид.

Роҳандозии расмиёт дар реҷаи мустақим, хизматрасониҳо тибқи низоми равзанаҳои ягона, татбиқи механизмҳои муосири молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар чораҳои дар ин самт амалигардида кори соҳибкоронро осон намуда, ба сарфаи вақт ва коҳиш додани хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ мусоидат намуда истодааст.

Бо вуҷуди таъсири омилҳои манфӣ ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла пандемияи бемории сироятии коронавирус дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида тамоюли афзоиши шумораи субъектҳои хоҷагидор нигоҳ дошта шуд. Имрўзҳо дар кишвар 335 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020-ум беш аз 3,5 ҳазор зиёд мебошад.

Маблағгузории бахши хусусӣ ба сармояи асосӣ дар соли 2021 нисбат ба соли 2020-ум 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Дар баробари натиҷаҳои бадастомада, Президенти мамлакат дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ 16 марти соли ҷорӣ масъалаҳои бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти бахши хусусӣ вобаста ба санҷишҳои беасос аз ҷониби баъзе мақомотро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки пурра ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар муносибатҳои байни мақомоти санҷишӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ шаффофиятро таъмин намуда, барои сари вақт муайян ва бартараф кардани камбудиҳо ва аз байн бурдани зарурати гузаронидани санҷишҳои зиёд имкон медиҳад.

Ҳамчунин тавре таъкид гардид, вазифаи асосии мақомоти дахлдор на танҳо ҷаримабандӣ, балки ҳамкориву мусоидат ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби субъектҳо буда, натиҷаи фаъолияти мақомот ҳамон вақт мусбат арзёбӣ мегардад, ки дар соҳа ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ коҳиш ёбанд.

Дар ин замина бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон гардид.

Вобаста ба ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” қабул мегардад, ки он тартиби татбиқи мораторий, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро муқаррар менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда се маротиба солҳои 2009-2010, 2012-2014 ва 2019-2020 ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардида буд.

Бояд тазаккур дод, ки мораторий ба санҷишҳо- ин муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонун “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” мониторинги санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро мунтазам доир менамояд.

Бо мақсади ба танзим даровардани баргузории санҷишҳо, коҳиш додани шумораи онҳо ва мақомоти санҷишӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис дода шуда, аз соли 2017 мунтазам ҷаласаҳои он баргузор мегарданд.

Дар доираи фаъолияти Шӯро номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал, масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ, нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои соли тақвимӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба танзими санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Таҷриба собит месозад, ки дар ҷумҳурӣ тамоюли устувории давра ба давра кам гардидани миқдори санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба назар расида, дар маҷмуъ соли 2021 шумораи санҷишҳо нисбат ба соли 2017 зиёда аз 40 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳарчанд дар ин самт пешравиҳои назаррас дида мешаванд, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати риояи пурраи тартиби гузаронидани санҷишҳо, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ ва иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи санҷиш аз ҷониби мақомоти назоратию санҷишӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Барои муттаҳидкунии вазифаҳои санҷишии мақомоти санҷишӣ бо мақсади кам кардани шумораи онҳо ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотии хизматрасониҳои электронӣ барои соҳибкорон, таъмини шаффофият ва тақвияти эътимоди сармоягузорон, пешгирии такроршавии санҷишҳо ва риоя нагардидани муҳлати гузаронидани онҳо, андешидани чораҳои зарурӣ муҳим аст.

Дар шароити кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, афзоиши рақобатҳои тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, ҷорӣ гардидани маҳдудият дар масири интиқоли молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ амри саривақтӣ буда, ба фаъолияти бомароми субъектҳои соҳибкорӣ, афзоиши шумора ва миқёси фаъолияти соҳибкорон, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Намояндагони бахши хусусӣ дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сидқан дарк намуда, барои рушди иқтисоди миллӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид