21-04-2022

Баргузории ҷаласаи Шӯрои машваратии соҳибкорию сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон

20-уми апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят, раиси Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи 14-уми Шӯро баргузор гардид.

Шуро 3.jpg

Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ иштирок намуда, дар он масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст, дар ҷаласа ҳайати нави аъзои Шӯрои машваратӣ интихоб гардиданд.

Дар ҷаласа оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯро ва нақшаи кории котиботи Шӯрои машваратӣ, бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бо давлатҳои ҳамсоя доир гардидани як қатор вохурӣ ва форумҳои сатҳи баланд, ки ҳадаф аз он мусоидат ба рушди фаъолияти шӯро мебошад, инчунин пайгирӣ ва бартараф кардани як қатор мушкилиҳо дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо дар самти таъмини ҳамкории самараноки бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ қайд карда шуд.

Шуро.jpg

Узви Шӯрои машваратӣ, олими соҳаи кишоварзӣ, коршиноси бахши хусусӣ оид ба арзёбии рушди соҳаи боғдорӣ дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Орифов ҷиҳати устувор намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон дар самти кишоварзӣ вобаста ба беҳтар кардани ҳосили зироатҳо ва дар ин замина таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ, Зоирзода Умед, намояндаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар самти коркард ва содироти маҳсулотҳои вилоят ибрози назар намуданд.

Шуро 8.jpg

Ҳангоми мубодилаи афкор дар ҷаласа, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода пешниҳод намуд, ки бо мақсади иттилои бештар пайдо намудани соҳибкорон аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои барояшон аз ҷониби давлат муайянгардида, инчунин оммафаҳм гардидани сабукӣ ва дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва муайян намудани санҷишҳои соҳавӣ дар самти соҳибкорӣ котиботи Шӯро варақаҳои фаҳмондадиҳӣ ва ё маълумотномаҳо интишор намояд.

Ҳамчунин, муовинони раиси вилоят, Амонулло Салимзода, Акрам Сулаймонзода ва намояндаи фонди Оғохон дар вилояти Хатлон вобаста ба ҷоннок намудани фаолияти шӯро ибрози назар намуданд.

Питер Ян, роҳбари ташкилоти байналмиллалии USAID дар Тоҷикистон вобаста ба барасии масъалаҳои шӯро изҳори назар карда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат баҳри таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ баён намуд.

Шуро 6.jpg

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки баҳри таъмини рушди устувори бахши хусусӣ, дар мамлакати мо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати хирадмандона тадбирҳои зарурӣ дар самти гумрук, андоз роҳандозӣ гардидааст. Дар ин робита аз оғози соли 2022 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки барои беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои корӣ заминаи мусоид мегузорад, қайд карда шуд.

Ҳамчунин, мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳот тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои шӯро ва дар ин замина беҳтар гардидани сармоягузорӣ ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди содирот дар вилоят аз натиҷаи фаъолияти самараноки шӯро арзёбӣ гардид.

Шуро 7.jpg

Дар идома, зарурати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани муколамаи бахши хусусӣ ва давлатӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят таъкид гардида қайд карда шуд, ки дар вилоят то ин давра 13 ҷаласаи шӯро баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими самти соҳибкорӣ матраҳ ва вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.

Шуро 1.jpg

Дар ин робита, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбари давлат вобаста ба таъмини рушди самараноки соҳибкорию сармоягузорӣ дар шаҳру ноҳияҳо таҳким бахшидани фаъолияти Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ба таври ҳатмӣ ва мунтазам баргузор кардани ҷаласаҳои он ва аз натиҷаи он ирсол кардани гузориши хаттӣ, инчунин вобаста ба дигар масъалаҳои ҷаласа супоришҳои дахлдор дода шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид