26-04-2022

Баргузории мизи мудаввар вобаста ба фарқияти гендерӣ дар фарогирии молиявӣ

Рӯзҳои 21 ва 22 апрели соли 2022 дар меҳмонхонаи Серена мизи мудаввар дар доираи баномаи минтақавии “Рӯзномаи соҳибкории занон дар Осиёи Марказӣ, фарқияти гендерӣ дар фарогирии молиявӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур доираи васеи соҳибкорзанони ватанӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, такшилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ ҷалб гардиданд.

участники обсуждений.png

Дар рафти кори мизи мудаввар мавзуҳои дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, мушкилот дар самти мазкур ва беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ барои бонувони соҳибкор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ вобаста ба шароити фароҳамовардашудаи Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки рӯзи 16 марти соли 2022 дар рафти ҷаласаи 22-юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби Раиси Шӯро, Президенти кишвар супориш дода шуд, ки Барнома оид ба рушдии соҳибкории бонувон барои давраи то соли 2030 таҳия карда шавад. Таҳияива дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур боиси беҳтар гардидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, бахусус соҳибкории бонувон гардида, ба тақвият ёфтани ҷанбаҳои ҳуқуқии самти мазкур, соддаву осон ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, дастрасии захираҳои молиявӣ ба таври осону сабук ва самтҳои дигар муосидат хоҳад кард.

во время презентации програмы.png

Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти Гуруҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ миёни бонувон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, маълумот манзур гардид.

Дар фарҷоми кори мизи мудввар соҳибкорзанони ватанӣ аз иқдомоти мазкур изҳори хушнудӣ намуда, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид