17-05-2022

Мизи мудаввар - Кодекси андоз ва таъсири он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ

Дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 16 марти соли ҷорӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки аз оѓози соли 2022 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди амал қарор дода шуд, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, гузариш ба технологияи рақамӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ замина мегузорад.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар аз 10 майи соли 2019 Пешвои миллат, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар солҳои охир, зарурати ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ва татбиқи консепсияи иқтисодиёти рақамӣ соли 2020 Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия ва татбиқ намояд.

Қобили зикр аст, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар таҳти унвони ”Арзёбии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва таъсири он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ” баргузор гардид.

IMG_0644.JPG

Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳо, инчунин имтиёзу сабукиҳои фаъолияти соҳибкорӣ буда, дар он намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайриддин Усмонзода оғоз гардида, тавре қайд гардид, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ба тамоюли рақамикунонии он ва ба ин васила ба шакли ягонаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиёти аз ҷониби андозсупоранда анҷом додашаванда, сода ва омафаҳм намудани муқаррароти он таҳия гардидааст.

Қайд гардид, ки Кодекси андоз бо назардошти манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, истеҳсолкунандагон, коҳиш додани омилҳои фардӣ ҷиҳати дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва санҷишҳои андозӣ, низомҳои андозбандӣ ва дигар ҷанбаҳо таҳия гардидааст.

Намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мавзуи "Моратория ба ҳама навъи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки танзими санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ яке аз масъалаҳои муҳими самти соҳибкорӣ ҳисоб рафта, вобаста ба он мунтазам ислоҳот гузаронида мешавад.

Тавре қайд гардид, дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 16 марти соли ҷорӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус масъалаҳои бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти бахши хусусӣ вобаста ба санҷишу ҷаримабандиҳои беасос, аз ҷумла андозӣ, санитарию беҳдошт, санҷишҳои истифодабарӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ ва пешгирии ҳолатҳои сўхторро қайд намуданд. Таъкид карданд, ки вазифаи асосии мақомоти дахлдор на танҳо ҷаримабандӣ, балки ҳамкорию мусоидат барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳои субъектҳо буда, натиҷаи фаъолияти мақомот ҳамон вақт мусбӣ арзёбӣ мегардад, ки дар соҳа шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо коҳиш ёбад. Қайд карда шуд, ки пурра ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар муносибатҳои байни мақомоти санҷишӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ шаффофиятро таъмин намуда, барои сари вақт муайян ва бартараф кардани камбудиҳо ва аз байн бардошта шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои зиёд имкон медиҳад.

Дар ин замина, хотиррасон карда шуд, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022, №362, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон гардид.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2022, №176 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”, ки тартиби татбиқи мораторий, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро муқаррар менамояд, ба имзо расонида, ба Маҷлиси Олӣ ирсол гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин замина санҷишҳо, аз ҷумла 40 998 санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2022, ба нақша гирифта ва тасдиқ карда шуда буд, бекор карда мешавад, ки дар шароити бахусус душвор ва мураккаби иқтисодии ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, оид ба муҳтаво ва моддаҳои лоиҳаи қонун маълумот дода шуд.

Дар чорабинӣ, инчунин намояндагони дигар мақомоту идораҳо вобаста ба фарқиятҳо Кодекси андоз дар таҳрири нав дар муқоиса бо кодекси қаблӣ, масъалаҳои имтиёзҳои гумрукию андозӣ нақши занҳои соҳибкор дар рушди соҳибкорӣ, ташаккул ва рушди соҳибкории инфиродӣ, рушди сайёҳӣ дар маҳалҳо ва имтиёзҳои андозӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид