19-05-2022

Ҷалби бештари соҳибкорони Осиёи Марказӣ ба платформаи eBay

Боиси тазаккур аст, ки масъалаи рушди тиҷорати электронӣ дар ҷаласаи 22-юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ки рӯзи 16 марти соли 2022 таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, аз ҷониби Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо мақсади ҷалби бештари соҳибкорони Осиёи Марказӣ, ки омодаанд фаъолияти худдро тариқи сомонаи eBay пеш баранд, як қатор вебинарҳо дар доираи Лоиҳаи Агении ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, рӯзҳои 11 ва 17 майи соли 2022, ду семинари маҷозии он вобаста ба пешбурд ва татбиқи тиҷорати электронӣ дар самти ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд. Дар рафти семинарҳои мазкур маълумоти муфассал оида ба платформаи eBay, аз ҷумла усулҳои ташкил ва идораи самаранок дар платформаи мазкур, тарзи пешниҳоди молу маҳсулот, ирсол, бурдарасонӣ ва пешбурди савдо маълумот манзур гардид. Баргузории семинарҳои мазкур рӯзҳои 24 майи ва 1 июн низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори семинари мазкур соҳибкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона иштирок ва мубодилаи афкор намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид