18-05-2022

Вебинари маҷозӣ дар мавзӯи Рушди пешбурди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 17 майи соли 2022, бо иқдоми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд вебинари маҷозӣ дар мавзуи Рушди пешбурди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре маълум аст, таъсири манфии пандемияи COVID-19 ва оқибатҳои иқтисодии он ба ҷараёни сармояи мустақими хориҷӣ дар якчанд солҳои минбаъда боқӣ хоҳад монд. Вобаста ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва таҳкими иқтидори сармоягузорӣ ҷиҳати соддагардонии ҷараёни сармоя ба Тоҷикистон як қатор ислоҳотро ба роҳ мондааст.

Мавриди зикр аст, ки чорабиниҳои аввалин оид ба муҳокимаи масъалаҳои таҳким ва рушди иқтидор дар доираи татбиқи тадбирҳои дар давраи кӯтоҳмуддат пешниҳодгардида дар ҳисоботи нашршудаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд таҳти унвони “Рушди пешбурди сармоя дар Тоҷикистон” дарҷ гардида буд.

Дар қисмати ифтитоҳии он, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода вобаста ба ислоҳоти татбиқшуда дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ маълумот манзур намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соддагардонии расмиёти маъмурӣ, расмиёти андозбандӣ ва меъёрҳои андоз, инчунин дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон як қатор ислоҳот татбиқ гардидаанд.

Дар чорабинӣ иштироккунандагон вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои дастгирии соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар ҳолатҳои фавқулоддаи ба монанди пандемия, таҳкими заминаҳо барои фаъолияти электронӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди соҳа ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Пас аз мубодилаи афкор, дар ҷамъбаст, бо мақсади беҳсозӣ ва таҳкими имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидор, таҷриба ва донишу малакаи соҳибкорон, ҷалби сармоя ва иштирокчиён идомаи ислоҳот ва тавсеаи ҳамкориҳоро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид