26-05-2022

Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2022»

Дар доираи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 майи соли 2022 Форуми байналмиллалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ , ин дарёфти механизми мусоидат ба рушди содирот, муаррифии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии вилоят , устуворӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳон ва ҷанбаҳои дигари марбут ба масъалаҳои мазкур арзёбӣ мешавад.

Дар форумнамояндагони 9 кишвари дунё аз ҷумла Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Афғонистон, Россия, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркия ширкат варзиданд.

Қабл аз чорабинӣ меҳмонон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзони вилоят, маҳсулоти дорои сифати аълои анвои ғизоӣ ва рақобатпазири маҳсулот дар берун аз ҷумҳурӣ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ, аз ҷумла сабзавоти тоза, меваҳои донакдори барои содирот равонашуда, обҳои нӯшокӣ, маҳсулоти хоҷагиҳои ҷангал, асали табиӣ, маҳсулоти ширӣ, саноатӣ ва полезиҳо, меваҳои ситрусӣ ҳамчун намуна пешкаши ҳозирин гардид, ки ва умеди иртиботи баъдӣ ҳамоҳангӣ намуданд. , ҷиҳати ҳамкориҳои баъдӣ ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Тавре дар раванди чорабинӣ маълум гардид, кишоварзони вилояти Хатлон чанд соли охир дар тавлиди маҳсулоти содиротӣ ва ҳамкориҳо бо ширкатҳои интиқолдиҳанда таҷрибаи бештар ҳосил намуда, . оянда имконоти содироти маҳсулот метавонад тақвият меёбад, ки ба афзоши даромади иқтисодиашон мусоидат хоҳад кард.

Тавре маълум аст, вилояти Хатлон аз калонтарин содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб ёфта, айни замон аз ноҳияҳои Ҷайҳун, Дустӣ Кушониён, Вахш, Хуросон, А. Ҷомӣ, Шаҳритус ва Қубодиён ҳазорҳо тонна анвои маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ содирот шуда истодааст.

Дар бахши кории чорабинӣ вобаста ба баррасии монеаҳои гендерӣ дар савдо, аз ҷониби намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ роҷеъ ба масъалаҳои соҳибкории бонувон, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба фаъолияти соҳибкории бонувон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд маълумоти муфассал манзур гардид.

Чорабинӣ ба ҳисоб меравад. Дар фарҷоми панели мазкур иштирокчиён барои минбаъд тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самтҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии занони вилояти Хатлон, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ барои занон ва ба ин васила ҷалби фаъоли онҳо ба ҷаласаҳои минбаъдаи Гурӯҳи корӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид