1 Июня 2022

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши бонувони соҳибкор дар рушди соҳаи саноат”

Санаи 1 июни соли 2022, дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди фаъолияти соҳибкории занон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи кор бо занон ва оила, мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши бонувони соҳибкор дар рушди соҳаи саноат” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур беш аз 80 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ассотcиатсияҳо, бонкҳо ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Мизи мудавварро муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Хуршедаи Қодир ифтитоҳ намуда, баъдан маърузаҳо аз ҷониби Зарина Абдулмаинзода – муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гиоргий Вардишвили - ҷонишини Намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Малика Ярбабаева – сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонувони соҳибкор манзури ҳозирин гардид.

Қайд карда шуд, ки масъалаи бонувон ва мақоми онҳо дар ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар даврони истиќлолияти кишвар як ќатор барномаву стратегияњо татбиќ гардиданд, ки маќоми бонувонро дар ҷомеа тањким бахшид.

Ҳамзамон, дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ҳамасола барои дастгирии занону духтарони соҳибкор ҷудо гардидани грантҳои Президентӣ, ки яке аз воситаҳои беҳтар намудани вазъи иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад, саҳми бонувони соҳибкори тоҷик дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тавассути бунёди марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ хеле назаррас гардид.

Бонувони соҳибкор корхонаҳои хусусӣ, аз ҷумла коргоҳу марказҳои нассоҷиву дӯзандагӣ таъсис дода, ҷойҳои корӣ муҳайё кардаанд.

Дар ҷамъбаст, як қатор бонувони соҳибкор барои саҳми арзанда дар амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкории бонувон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо Сипосномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид