7 Июня 2022

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ вобаста ба автоматикунонии корҳои судҳо

Рӯзи 3 июни соли 2022, дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳӣ корӣ бо мақсади иҷрои банди 9.2.-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022 ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур аъзоёни Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои адлия, молия, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти иҷро, КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур аз ҷониби Суди иқтисодӣ маълумот манзур гардид, ки лоиҳаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гирифтани хулосаи вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Корҳои таҳлилӣ вобаста ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ” ва “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” идома дорад. Аз ҷумла, дар рафти таҳлили қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон нишон дод, ки дар як қонун танзим намудани масъалаҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузории электронӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби намояндаи Котиботи Шӯро вобаста ба лоиҳаи нави арзёбикунандаи фазои соҳибкорию сармоягузории Бонки Умумиҷаҳонӣ бо номи “Фазои мусоиди соҳибкорӣ”, аз ҷумла нишондиҳандаҳои Ҳалли баҳсҳо ва Ҳалли масъалаҳои пардохтнопазирӣ маълумоти муфассал манзур гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа миёни аъзоён мубодилаи афкор сурат гирифта, корҳо дар самти мазкур мунтазам идома дорад.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид