08-04-2022

Баргузории Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат”

Санаи 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат” аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор гардид.

Қабл аз оғози форуми мазкур иштирокчиён аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд дидан намуданд.

Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Қодирзода Саъдӣ, Муовини раиси вилояти Суғд –Анвар Яқубӣ ва Раиси шаҳри Истаравшан - Адҳам Маъмурзода оғоз гардид.

Ҳадафи баргузории Форуми мазкур вусъат додани ҳамкориҳо байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ ба шумор меравад.

Дар рафти чорабинӣ, менеджери минтақавии Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд Мирсаидова Ҷамила ва Директори Иттифоқи рушди бахши хусусӣ - Нурматова Наима суханронӣ намуданд.

Сипас, намояндагони ҷамъияти саҳомии пушидаи “Оби зулол” ва Директори ҶДММ “Мармарӣ” – Ҳакимов Зафар тавассути рӯнамо баромад намуданд.

Инчунин, дар Форуми доиргардида зиёда аз 150 нафар, аз ҷумла намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур зиёда аз даҳ санадҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳо ба имзо расонида шуд.

Пас аз фарҷоми маросими расмии Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат” иштирокчиёни Форум аз мавзеи таърихии "Қалъаи Муғ" боздид ба амал оварда, дар маросими оғози фаъолияти ширкати хизматрасонии "1111" дар шаҳри Истаравшан ширкат варзиданд ва ҳамзамон соҳибкорони ватанӣ аз ҷараёни рафти истеҳсолот дар корхонаи саноатии "Адл" низ дидан намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид