18-05-2022

Баргузории машварати корӣ оид ба масъалаҳои истифодаи маводи кимиёвӣ ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон

16 майи соли 2022 дар мемонхонаи Хайят Реҷенси бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва коршиносони байналмилалӣ вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои истифодаи маводи кимиёвӣ ва муборизаи комплексӣ бар зидди ҳашароти зараррасон дар Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири кишоварзӣ, Нигина Анварӣ оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳамоиши мазкур дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 ва банди 8 қарори Протоколи ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 12 феврали соли 2020 баргузор гардида истодааст.

Дар машварати корӣ арзёбии таҷрибаҳои беҳтарини низоми бақайдгирии пестисидҳо, маводи кимиёвӣ ва чораҳои назорат, ки ба стандартҳои байналмилалӣ (GLOBALG.A.P., IFS, BRC ва сертификатсия - силсилаи стандартҳои ISO мувофиқанд) ва муҳокимаи масъалаҳои истифодаи маводи кимиёвӣ, инчунин муборизаи комплексӣ бар зидди ҳашароти зараррасон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба таҷрибаҳои беҳтарини низоми бақайдгирии пестисидҳо, маводи кимиёвӣ ва чораҳои назорат, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқанд, муаррифномаи коршиноси байналмилалӣ оид ба арзёбӣ ва омӯзиши GLOBALG.A.P., IFS, BRC ва сертификатсия - силсилаи стандартҳои ISO Климент Петров тариқи маҷозӣ манзур гардид.

Дар доираи иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ иқдоми Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати баргузории чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ махсус қайд карда шуд. Зикр гардид, ки тибқи қарори ҷаласаи ХХ Шӯро супориш дода шуда буд, ки вазорати кишоварзӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “ГЛОБАЛ ГЭП”, “Номгӯи моддаҳои химиявие, ки истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст” дар таҳрири нав таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон, лоиҳа барои такмил баргардонида шуда, бо назардошти мулоҳизаҳои дар чорабинӣ вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаи руйхат баёнгардида, аз ҷумла аз байн рафтани баъзе аз намуди заҳрхимикатҳо, ҳамзамон кашф шудани дигар намудҳои он имконияти мукаммал сохтани лоиҳа мавҷуд мебошад. Дар ин робита фаъолона ҷалб гардидани масъулон ба ин раванд мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Бо истифода аз фурсат, хотиррасон карда шуд, ки дар ҷаласаи XXII Шӯро аз 16 марти соли ҷорӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус масъалаҳои бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти бахши хусусӣ вобаста ба санҷишу ҷаримабандиҳои беасос, аз ҷумла андозӣ, санитарию беҳдошт, санҷишҳои истифодабарӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ ва пешгирии ҳолатҳои сӯхторро қайд намуданд.

Дар ин робита иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо тибқи фармони аз 16 марти соли 2022, №362, то 1 январи соли 2023 эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ махсус қайд карда шуд.

Дар чорабинӣ, инчунин намояндагони дигар мақомоту идораҳо вобаста ба дигар масъалаҳои самти зикршуда суханронӣ намуда, миёни иштироккунандагон, мутахассисону коршиносон атрофи масъалаҳои муаррифнома ва дигар баромадҳо табодули назар сурат гирифт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид