30-05-2022

Баррасии як қатор қонунҳо дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи супориши протоколи ҷаласаи XXI Шӯро аз 16 марти соли 2022 ба Вазорати саноат ва технологияњои нав супориш дода шуда буд, ки якљо бо Академияи миллии илмњо, Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ”-ро бо фарогирии механизми маблағгузории корҳо вобаста ба роҳандозӣ намудани инноватсия дар истеҳолот таҳия ва пешниҳод намояд.
Инчунин, дар ҷаласаи XXII Шӯро аз 16 марти соли 2022 супориш дода шуд, ки барои ҳарчи зудтар таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” бо фарогирии талабот, қоидаҳо ва тартиби ташкили фаъолият дар ин соња тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.
Қобили қайд аст, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мунтазам масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорию сармоягузорӣ баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.
Аз ҷумла хотиррасон метавон шуд, ки 16 марти соли 2022 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ба тасвиб расидааст.
Қонунҳои қабулгардида барои таъмини рушди бештари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид