22-06-2022

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд

Санаи 21 июни соли 2022, дар Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.

Дар кории ҷаласа зиёда аз 60 нафар, аз ҷумла намояндагони аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст, аз ҷониби намояндагони Котиботи Гурӯҳи корӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба таври кутоҳ оид ба тадбирҳои нави Ҳукумати мамлакат ва ислоҳоту нақшаҳо дар самти мазкур ба иштирокичён маълумот дода шуд.

Сипас, аз ҷониби ҳамоҳангсози барномаи Намояндагии СММ-занҳо дар Тоҷикистон рунамо оид ба EXPO 2022 – рушди соҳибкории бонувон манзури иштирокчиён гардид. Тавре қайд гардид, бо мақсади беҳтар намудани малакаҳои соҳибкории бонувон дар доираи EXPO 2022 як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, оид ба ҷараёни раванди мазкур, ҳамоиши банақшагирифташуда, қадамҳои минбаъда ҷиҳати роҳнамоии соҳибкорзанони тоҷик дар чорабинии мазкур маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъияти муаррифномаҳо ва маълумот дар самти рушди фаъолияти соҳибкории бонувон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд маълумот дода шуд. Аз ҷумла, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, Намояндагии Accelerate Propsraty, Мактаби пешбурди баробарии гендерӣ, бизнесинкубатори PEAK дар Тоҷикистон, ТҶ “Иштирок”, ТҶ “Мултикид” муаррифномаҳо оид ба имкониятҳо, лоиҳаҳо ва нақшаҳои худашон пешниҳод гардид.

Дар раванди мубодилаи афкор мақомоти масъул ба тақвияти ҳамкориҳоро дар самтҳои мазкур мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён дар қисмати саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор фаъолона иштирок намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид