19-07-2022

Ҷаласаи корӣ бо намояндагони Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони шаҳру ноҳияҳои НТҶ

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нумон Абдуғаффорзода ифтитоҳ ва аз ҳозирон ҷиҳати иштирок дар ҷаласа пазироӣ намуд.

Қайд гардид, ки тибқи супоришҳои Президенти мамлакат, Раиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қарорҳои Шўро, нақшаи чорабиниҳои қабулшуда ва дигар масъалаҳои Шӯро ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст.

Президенти мамлакат ба масъалаҳои таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои он, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, инчунин татбиқи қарорҳои Шўро, ки ба ин мақсад равона гардидааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи Шўро, фаъолияти самараноки Шўроҳои минтақавию маҳаллиии самти соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин масъала дар ҷаласаҳои Шўрои машваратӣ, чорабиниҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ бо иштироки Президенти мамлакат супоришҳои дахлдор дода шуда, инчунин дар ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки амволи давлатӣ дар шаҳри Бохтар, аз 14 майи соли 2022 дар вилояти Хатлон аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шудааст.

Дар идома, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», моддаи 17, вобаста ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва моддаи 18, оид ба самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ қайд карда шуд.

Ҳамчунин, вобаста ба ин масъала дар ҷаласаи ХХ Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 12 феврали соли 2020 ва тадбирҳои то имруз дар ин самт амалишуда зикр гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи пайгирии масъалаи мазкур ва ҳамкориҳо бо Шўроҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шумораи умумии Шўроҳои машваратии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ то ба 69 адад расонида шудааст.

Ҷиҳати ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва фаъолияти Шўроҳои минтақавӣ, Низомномаи тавсиявии Шӯрои соҳибкориву сармоягузории назди раис (он) – и Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо) таҳия ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади дар асоси он қабул намудани Низомномаҳои Шўрои соҳибкориву сармоягузории назди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо исрол гардидааст.

Дар идома иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда маълумот, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Дар ҷамъбаст, таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҳалли саривақтӣ ва бартараф намудан монеаҳои мавҷуда бори дигар қайд карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид