22-07-2022

Мулоқоти корӣ бо аъзои Шӯро

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз дар шаҳри Душанбе бо аъзои Шӯро мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Мулоқотро Роҳбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нумон Абдуғаффорзода ифтитоҳ ва аз ҳозирон ҷиҳати иштирок дар кори он пазироӣ намуд.

Нахуст оид ба мақсад ва фаъолияти Шӯро маълумоти мухтасар манзур гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҳамчун мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдони муҳимтарини муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад. Шӯро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккул ва тақвияти майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, таъмини иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ дар раванди таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қабули қарорҳои муҳими давлатӣ оид ба дастгирии соҳибкорию сармоягузорӣ таъсис дода шудааст.

Тавре зикр гардид, то имрўз таҳти сарварии Пешвои миллат чандин масъалаҳои муҳимтарини беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ пайгирӣ ва вобаста ба онҳо 22 ҷаласаҳои Шўрои машваратӣ баргузор шуда, ҷиҳати татбиқи ислоҳоти зарурӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар ин робита дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, дар ҷаласаи XXII Шӯро аз 16 марти соли ҷорӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 вобаста ба эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023, инчунин дар ин робита ба имзо расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 8 июни соли 2022 ёдрас гардид.

Қайд карда шуд, ки дар сурати иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ, хосса аъзои Шӯро дар раванди ислоҳот ва истифодаи самаранок аз имкониятҳои майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ба ин раванд такони ҷиддӣ метавон бахшид.

Ҳамчунин, зарурати истифода аз ҳуқуқҳо ва иҷрои дурусти вазифаҳои аъзо, таҷриба, малака ва дониш, равона намудани фаъолияти ташкилотчигӣ барои амалисозии дархост, мулоҳиза ва пешниҳодоти бахши хусусӣ, нақши муассири онҳо дар рушди соҳа қайд карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои фаъолияти Шӯро, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои Шӯро ва қарорҳои ҷаласаи XXII Шӯро муаррифномаҳо манзур гардид.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои манзургардида мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҷамъбаст, изҳори итминон карда шуд, ки аъзои Шӯро дар муҳлати фаъолият ба ҳайси узвият тавассути пайгирӣ, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ иқдомоти заруриро анҷом медиҳанд ва дар татбиқи самти сиёсати роҳбарияти олии мамлакат вобаста ба татбиқи ислоҳот саҳми худро мегузоранд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид