Мулоқоти корӣ бо намояндагони вазорату идораҳо
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Душанбе бо намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори Протоколи ҷаласаи XXII Шӯрои машваратӣ ва масъалаҳои омода намудани маводҳои ҷаласаи 4-уми фосилавии Шӯро мулоқоти корӣ баргузор гардид.
Мулоқотро намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ифтитоҳ ва аз ҳозирон ҷиҳати иштирок дар кори он пазироӣ намуд.
Дар нишаст, нахуст оид ба баргузорӣ ва қарорҳои ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 16 марти соли 2022, ки таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Ёдовар карда шуд, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ миёни занон ва ҷавонон, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои Шӯро қайд намуда, дар ин замина беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ташкили низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба конвенсияҳои байналмилалӣ, таъсиси рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ ба соҳибкорону сармоягузорон, эълон гардидани мораторий ба санҷишҳо ва ислоҳоти дигарро натиҷаи фаъолияти самараноки Шӯро арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат масъалаҳои бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти бахши хусусӣ вобаста ба санҷишу ҷаримабандиҳои беасос, аз ҷумла андозӣ, санитарию беҳдошт, санҷишҳои истифодабарӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ ва пешгирии ҳолатҳои сӯхтор қайд намуданд. Тавре таъкид карда шуд, вазифаи асосии мақомоти дахлдор на танҳо ҷаримабандӣ, балки ҳамкорию мусоидат барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳои субъектҳо буда, натиҷаи фаъолияти мақомот ҳамон вақт мусбӣ арзёбӣ мегардад, ки дар соҳа шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо коҳиш ёбад. Ҳамчунин, пурра ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар муносибатҳои байни мақомоти санҷишӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ шаффофиятро таъмин намуда, барои сари вақт муайян ва бартараф кардани камбудиҳо ва аз байн бардошта шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои зиёд имкон медиҳад.
Дар ин замина, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин дар доираи омода намудани маводҳои ҷаласаи 4 - уми фосилавии Шӯро рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 3 - юми фосилавӣ баррасӣ гардид.
Сипас, вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат аз ҷониби кормандони Котибот муаррифномаҳо манзури иштирокчиёни мулоқот гардид.
Дар идома масъулони вазорату идораҳо оид ба иҷрои бандҳои дахлдори супоришҳои протоколии ҷаласаҳои Шӯро маълумот пешниҳод намуда, атрофи масъалаҳои манзургардида мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ҷамъбаст, изҳори итминон карда шуд, ки вазорату идораҳо тавассути пайгирӣ, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ иқдомоти заруриро анҷом медиҳанд ва дар татбиқи самти сиёсати Роҳбари мамлакат вобаста ба татбиқи ислоҳот саҳми худро мегузоранд.