05-08-2022

Ҷаласаи корӣ бо намояндагони Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ҷаласаи корӣ тариқи видеоӣ баргузор гардид.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нумон Абдуғаффорзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Президенти мамлакат, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои он, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, инчунин татбиқи қарорҳои Шӯро, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи Шӯро, фаъолияти самараноки Шӯроҳои минтақавию маҳаллиии самти соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба он дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, чорабиниҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ бо иштироки Президенти мамлакат супоришҳои дахлдор дода шудааст. Дар ин робита, инчунин дар ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки амволи давлатӣ дар шаҳри Бохтар, аз 14 майи соли 2022 дар вилояти Хатлон аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шудааст.

Дар идома, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», моддаи 17, вобаста ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва моддаи 18, оид ба самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ қайд карда шуд.

Дар гузориши масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба баргузории ҷаласаи Шӯро ва масъалаҳои дар он баррасишуда, баррасии масъалаҳо ва баргузории чорабиниҳо дар доираи фаъолият ва бо қарори Шӯро дар соли 2022, нақшаи кор барои моҳҳои август – декабри соли 2022 маълумоти мухтасар манзур гардид.

Оид ба масъалаи Шӯроҳои маҳаллию минтақавии соҳибкорию сармоягузорӣ ва қарорҳои вобаста ба он ҳоло аз ҷониби Котибот муаррифнома маълумоти муфассал манзур гардид. Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумла муаррифнома мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҷамъбаст, таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҳалли саривақтӣ ва бартараф намудан монеаҳои мавҷуда бори дигар қайд карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид