14-07-2022

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ

Санаи 14 июли соли 2022, ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд бо мақсади муҳокима ва баррасии масъалаи ташкил ва баргузории Симпозиум дар доираи чорабиниҳои ЭКСПО 2022 оид ба рушди соҳибкории бонувон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва дигар намояндагони сохторҳои самти мазкур иштирок намуданд.

Кори ҷаласа аз ҷониби масъулони Котиботи Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ оғоз гардида, дар ибтидо мухтасаран оид ба мақсад ва мавзуи кори ҷаласа маълумот дод шуд.

293732718_5243506285730641_6537892687211833567_n.jpg

Сипас, аз ҷониби коршиносони Намояндагии СММ-занҳо дар Тоҷикистон рунамо оид ба EXPO 2022 – рушди соҳибкории бонувон манзури иштирокчиён гардид. Тавре қайд гардид, баргузории чорабинии мазкур тирамоҳи соли 2022 барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар назар дошта шуда, дар доираи он ҷанбаҳои мубрами самти фаъолияти соҳибкории бонувон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Маълумот дода шуд, ки дар доираи чорабинии мазкур бонувони соҳибкор метавонанд идеяҳои соҳибкорӣ, маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ намоянд, бо коршиносони байналмилалӣ шинос шаванд, тарзи таҳияи нақшаи тиҷоратиро омӯзанд ва бо дигар бонувони соҳибкор ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Ҳамзамон, вобаста ба ташкили Кумитаи тадорукот, таҳияи барнома, муайян намудани мавзӯҳои панелҳо, мақомоти масъул ва дигар масъалаҳо вобаста ба омодагии чорабинии мазкур ибрози назар карда шуд.

Дар қисмати ниҳоии ҷаласаи Гуруҳи корӣ, Кумитаи тадорукот ва мақомоти масъули панелҳо ташкил дода шуда, дар доираи кори он таҳияи Консепсия, ташкил ва гузаронидани нахустин нишасти Кумитаи тадорукот мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид .

Дар қисмати мубодилаи афкор иштирокчиёни ҷаласа, аз ҷумла намояндагони Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ фаъолона ибрози назар намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид