12-08-2022

Ҷаласаи корӣ бо намояндагони Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони вилояти Хатлонва шаҳру ноҳияҳои он ҷаласаи корӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа, намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои он, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, инчунин татбиқи қарорҳои Шӯроро қайд кард.

Дар ин замина, яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи Шӯро, фаъолияти самараноки Шӯроҳои минтақавию маҳаллиии самти соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб рафта, зикр гардид, ки вобаста ба он дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, чорабиниҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ бо иштироки Президенти мамлакат, инчунин ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки амволи давлатӣ дар шаҳри Бохтар, аз 14 майи соли 2022 дар вилояти Хатлон аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои дахлдор дода шудааст.

Роҳбари котибот, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», моддаи 17, вобаста ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва моддаи 18, оид ба самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкориро қайд намуд.

Дар гузориши масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба баргузории ҷаласаи Шӯро ва масъалаҳои дар он баррасишуда, баррасии масъалаҳо ва баргузории чорабиниҳо дар доираи фаъолият ва бо қарори Шӯро дар соли 2022, нақшаи кор барои моҳҳои август – декабри соли 2022 маълумоти мухтасар манзур гардид.

Дар ҷамъбаст, таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҳалли саривақтӣ ва бартараф намудан монеаҳои мавҷуда бори дигар қайд карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид