19-08-2022

БАДАХШОН РУШД МЕНАМОЯД. Дар доираи форуми «Помиринвест-2022» 30 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022», ки 17-18 август дар маркази маъмурии Бадахшон- шаҳри Хоруғ доир гардид, миёни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ба маблағи беш аз 950 миллион сомонӣ 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. 

30 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодӣ, ба мисли саноат, саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди сангҳои ороишӣ, соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, хизматрасонии нақлиёт ва сайёҳӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди иқтисоди ин минтақаи дурдаст ва балнадкӯҳи Тоҷикистон — Бадахшон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҳадафи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022»- ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи мамлакат ва муаррифии имконияти сармоягузории Бадахшон ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» аз бахшҳои гуногун, чун саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшонро баррасӣ намуданд.

Баргузории форуми мазкур далели он аст, ки рушду пешрафти гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон –Бадахшон пайваста дар мадди назари роҳбарият ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир намояндаи масъули ҳукумати мамлакат дар самти татбиқи барномаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бадахшон мебошад.


Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид