23-08-2022

Ҷаласаи якуми сайёри Гурӯҳи корӣ

Рӯзи 16 августи соли 2022 дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест-2022” ҷаласаи якуми сайёри Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хоруғ ташкил ва баргузор гардид.

IMG_9267.JPG

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд, соҳибкорзанони шаҳри Душанбе ва ВМКБ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа ва тибқи банди якуми рӯзномаи ҷаласа Котиби Гурӯҳи корӣ, оид ба фазои фароҳамовардашуда ва ислоҳоти татбиқшуда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фаъолияти соҳибкории бонувон маълумот манзур намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таҳияи Барномаи дастгирии соҳибкории бонувон барои давраи то соли 2030 ба нақша гирифта шуда, дигар супоришҳои дахлдор дар самти мазкур ба вазорату идораҳо дода шудааст. Инчунин, оид ба ташкил ва баргузории Ҳамоиш дар доираи ЭСКПО-2022 низ маълуоти мушаххас пешниҳод гардид.

299153735_3144118895898748_1276346549359894704_n.jpg

Қайд карда шуд, ки дар доираи чорабинии мазкур бонувони соҳибкор метавонанд идеяҳои соҳибкорӣ, маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ намоянд, бо коршиносони байналмилалӣ шинос шаванд, тарзи таҳияи нақшаи тиҷоратиро омӯзанд ва бо дигар бонувони соҳибкор ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Ҳамзамон, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабинии мазкур аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи тадорукот ташкил карда шуда, якумин ҷаласаи он рӯзи 11 августи соли 2022 гузаронида шуд.

Тибқи банди дуюми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби коршиносони бахши гендерӣ оид ба раванди таҳияи Барномаи дастгирии соҳибкории бонувон барои давраи то соли 2030, сохтори он, нақшаи амали он ва дигар ҷанбаҳои муҳим маълумот манзур гардида, оид ба монеаҳо ва мушкилиҳои вуҷуддоштаи соҳибкорзанони вилоят пурсиш гузаронида шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки мушкилиҳои мазкур дар раванди таҳияи Барнома ба инобат гирифта шуда, пешниҳод ҷиҳати ҳалли онҳо роҳандозӣ мешаванд.

299856026_3144117795898858_9056981342273866312_n.jpg

Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби намояндаи Вазорати кишоварзӣ оид ба ҷанбаҳои гендерии рушди инноватсионӣ дар самти кишоварзӣ баҳри иштирокчиён муаррифнома пешниҳод гардид.

Тибқи банди охирони рӯзномаи ҷаласа, бо мақсади мубодилаи таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз ҷониби соҳибкорбонувони шаҳри Душанбе дар асоси таҷрибаҳо, мушкилиҳои паси сарнамуда, муваффақият ва дигар ҷанбаҳои соҳибкории худ муаррифномаҳо пешниҳод гардид. Инчунин, соҳибкорзанони вилоят бо изҳори қаноатмандӣ аз баргузории чунин чорабинӣ ва иштироки фаъолона дар он, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои матраҳшуда ибрози назар намуданд ва ба саволҳои худ посух гирифтанд.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид