26-08-2022

Ҷаласаи корӣ оид ба масъалаҳои Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз оид ба масъалаҳои Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо масъулони котиботи Шӯрои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раиси вилояти ВМКБ ҷаласаи корӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа, намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ нахуст масъалаҳои марбут ба Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест - 2022» - ро, ки 17 августи соли 2022 доир гардид, ёдрас намуд. Иштироки беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд дар форум, пас аз ифтитоҳи расмии форум идома ёфтани кори он дар 3 панел ва ба имзо расонида шудани беш аз 30 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 900 млн. сомониро аз натиҷаҳои самарабахши форум арзёбӣ гардид.

Қайд гардид, ки мулоқоти мазкур идомаи суҳбати санаи 17 августи соли 2022 бо масъулони котиботи Шӯроҳои рушди соҳибкорию сармоягузории назди раисони вилояти ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, ки дар он масъалаҳои марбут ба соҳа ба таври умумӣ баррасӣ ва ба масъули Шӯрои вилоятӣ санадҳои зарурӣ ҷиҳати корбарии минбаъда дастрас карда шуд, мебошад.

Дар идома таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои он, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, инчунин татбиқи қарорҳои Шӯро қайд гардид.

Дар ин замина, яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи Шӯро, фаъолияти самараноки Шӯроҳои минтақавию маҳаллиии самти соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб рафта, зикр гардид, ки вобаста ба он дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ, чорабиниҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ бо иштироки Президенти мамлакат, инчунин ҷаласаи ситоди доимамалкунанда оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки амволи давлатӣ дар шаҳри Бохтар, аз 14 майи соли 2022 дар вилояти Хатлон аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои дахлдор дода шудааст.

Дар мулоқот, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», моддаи 17, вобаста ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва моддаи 18, оид ба самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ қайд карда шуд.

Дар гузориши масъулони вилоят вобаста ба баргузории ҷаласаи Шӯро ва масъалаҳои дар он баррасишуда, баррасии масъалаҳо ва баргузории чорабиниҳо дар доираи фаъолият ва бо қарори Шӯро дар соли 2022, нақшаи кор барои моҳҳои сентябр – декабри соли 2022 маълумоти мухтасар манзур гардид.

Дар ҷамъбаст, таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҳалли саривақтӣ ва бартараф намудан монеаҳои мавҷуда бори дигар қайд карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид