Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» 15 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 3,5 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуданд
Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» 15 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо ба маблағи зиёда аз 3,5 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуданд.
Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, паш аз оғози форум иштирокчиён аз намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дидан намуданд.
Дар форум беш аз 300 нафар иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Туркия, Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доранд.
Форум бо суханронии ифтитоҳии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Мунео Такасака, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигарон оғоз гардид.
Зимни суханронии худ Саъдӣ Қодирзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақаи Кӯлоб, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ибрози назар намуд.
Қурбон Ҳакимзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят суханронӣ кард.
Нимаи дуюми рӯз кори форум дар 3 панел, аз ҷумла «Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон» ва «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа» идома меёбад.
Дар рафти форум ва дар доираи мулоқоти В2В (соҳибкорон бо соҳибкорон) имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, беш аз 15 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо ба маблағи зиёда аз 3,5 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуданд.
Ҳамчунин дар форум навори видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва МОИ «Кӯлоб» боздид ва шиносоӣ пайдо намуданд.