28-09-2022

Мулоқоти кории навбатӣ бо аъзои Шӯро

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз дар шаҳри Душанбе бо аъзои Шӯро мулоқоти навбатии корӣ баргузор гардид.

Мулоқотро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нумон Абдуғаффорзода ифтитоҳ ва аз ҳозирон ҷиҳати иштирок дар кори он пазироӣ намуд.

Дар мулоқот масъалаҳо оид ба натиҷаҳои мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи чоруми фосилавии Шӯрои машваратӣ баррасӣ карда шуд.

Нахуст, оид ба рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXII Шӯро маълумоти мухтасар манзур гардид.

Дар идома, тавре Роҳбари Котибот Нумон Абдуғаффорзода ёдовар шуд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардид. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар ин робита бо мақсади муайян кардани асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро, муқаррар кардани тартиби татбиқи мораторий ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 8 июни соли 2022 ба имзо расонида шуд.

Сипас, аъзои Шӯро мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаи матраҳшуда иброз намуда, натиҷаҳои самаранок онро дар фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбӣ қайд намуданд.

Дар маҷмуъ, дар доираи андешаҳои баёншуда ва рақамҳои омории қайдгардида натиҷаҳои мораторий хеле мусбӣ арзёбӣ гардида, аз номи тамоми соҳибкорон барои чунин иқдоми наҷибона ва саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи чоруми фосилавии Шӯрои машваратӣ ва дигар масъалаҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ баррасӣ карда шуда, фикру мулоҳизаҳои аъзои Шуро шунида шуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид