14-10-2022

Мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон”

Имруз бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардид.

20221014_101724.jpg

Дар кори мизи мудаввар роҳбарияти вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони шарикони рушд ширкат намуданд.

Мизи мудавварро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Саъдӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати “Рузи соҳибкорон” табрик намуд.

Қайл гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14 октябр ҳамчун “Рӯзи соҳибкорон” эълон гардида, ҳамасола дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.

20221014_102322.jpg

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллиро мунтазам амалӣ намуда, имрузҳо натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ тавассути муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби соҳибкорон ба раванди ислоҳот, Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият намуда истодааст.

Шӯро майдони муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ буда, таҳти сарварии Раиси Шуро, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имруз 22 ҷаласаҳои он гузаронида шуд ва як қатор ислоҳоти муҳим дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, энергетика, сохтмон, сайёҳӣ, суғурта, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, тиҷорати электронӣ, рушди соҳибкории бонувон ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт гузаронида шуданд, ки имрузҳо натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.

Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, чор маротиба, аз ҷумла имсол низ ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мораторий эълон гардид.

20221014_104857.jpg

Дар самти коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ислоҳоти назаррас гузаронида шуда, аз ҷумла, дар натиҷаи ислоҳот дар самти ба низом даровардани раванди гирифтани иҷозатҳо, шумораи онҳо аз 605 то 57 номгуй коҳиш дода шуданд.

Бо мақсади соддаву шаффоф намудани ҷараёни бақайдгирии соҳибкорӣ, низоми «Равзанаи ягона» оид ба бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки дар натиҷа муҳлати бақайдгирии соҳибкорӣ аз 49 то 3-5 руз коҳиш дода шуд ва ин тадбир барои афзоиши босуръати шумораи субъектҳои соҳибкорӣ такони муҳим бахшид.

Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ устувор гардида, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон чор маротиба солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2019 ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардид.

Дар баробари ин, имрӯзҳо як қатор ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шароити пешбурди соҳибкорӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар намудани он тавассути рақамигардонии махзани маълумоти вазорату идораҳои давлатӣ, муосиргардонии хизматрасониҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ ва роҳандозии расмиёт дар реҷаи мустақим, сарфаи вақт ва коҳиш додани хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ амалӣ шуда истодаанд.

20221014_102052.jpg

Аз оғози замони истиқлолият рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҳануз 11 августи соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид, ки барои гузаронидани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Сипас, солҳои 2001, 2003, 2007, 2010, 2014, 2015, 2017 ва 2019 мулоқотҳои хосаи Сарвари давлат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардида, аз мулоқот то мулоқот таҳаввулоти тоза дар рушди бемайлони соҳибкориву сармоягузорӣ ба вуқуъ пайвастанд.

Дар кори мизи мудаввар роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва шарикони рушд баромад намуда, оид ба аҳамияти бузурги фаъолияти соҳибкорӣ ба рушди иқтисоди миллӣ андешаҳои худро баён намуданд.

20221014_105009.jpg

Дар интиҳои мизи мудаввар ба соҳибкорони муваффақ, ки дар корҳои ободонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми назаррас гузоштанд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид