19-10-2022

Мулоқоти корӣ бо шарикони рушд

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Н. Абдугаффорзода бо Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, узви Шурои машваратӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии бисёрҷониба, Озан Севимли ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, узви Шуро аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии бисёрҷониба Шенни Кемпбелл баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ислоҳоти аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида баррасӣ карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Шурои машваратӣ ислоҳоти муҳим дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ, инчунин ба тасвиб расонидани конвенсияҳои байналмилалӣ вобаста ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва дигар бахшҳои муҳим гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст.

Лоиҳаи нави Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳти унвони “Фазои мусоиди соҳибкорӣ” (Business Enabling Environment (BEE)) ташкил карда шуда, аз ыониби Котиботи Шуро рейтинги мазкур таҳлил ва методолгияву талаботҳои он муайян карда шудааст.

Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба ислоҳоти амалигашта баҳои баланд дода, омодагии худро барои дастгирии идомаи ислоҳоти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт, инчунин ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат иброз намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид