21-10-2022

Мулоқот бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Н. Абдуғаффорзода бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии коршиноси самти андозбандӣ ва молияи Бонк, Юджи Мияки баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масоили мубрами рушди фазои соҳибкорию сармоягузорӣ табодули андеша карданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ вобаста ба натиҷаҳо ва дастовардҳои ислоҳоти татбиқгардида, аз ҷумла дар самти саноат, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ, инчунин ба тасвиб расонидани конвенсияҳои байналмилалӣ вобаста ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва дигар бахшҳои муҳим маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, оид ба нақшаҳои оянда дар самти идомаи ислоҳоти беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, такмили фаъолияти Шӯроҳои машваратӣ дар минтақаҳо, рушди соиҳбкории бонувону ҷавонон ва дигар самтҳои воқеӣ ибрози назар намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самти татбиқи ислоҳот ҷиҳати осон намудани раванди пешбурди соҳибкорӣ тақвият хоҳанд дод.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид