Баргузории Ҳамоиш дар доираи ЭКСПО 2022 – рушди соҳибкории занон
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 ноябри соли 2022 дар меҳмонхонаи Ҳаят реҷенсӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон ва Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо ҷалби доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма дар доираи ЭКСПО 2022 – Рушди соҳибкории занон ҳамоиш баргузор гардид.
Маросими расмии чорабиниро бо суханҳои ифтитоҳӣ Матлубахон Сатториён - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сумангул Тағойзода - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Хилолбӣ Курбонзода - Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азиза Ҳомидова - Роҳбари Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон ва Ленни Монтиел - Роҳбари Намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш пеш аз ҳама муаррифии имкониятҳои мавҷуда ва нақшаҳои оянда барои занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд, муаррифии маълумот вобаста ба таҳияи воситаҳои нави молиявӣ, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, ба намоиш гузоштани маҳсулот ва хизматрасониҳои занони соҳибкори тоҷик, муаррифии идеяҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла идеяҳо ва ташаббусҳои инноватсионӣ дар минтақаҳо, муҳокима ва роҳҳои бартарафнамоии мушкилию монеаҳои самтҳои мазкур ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамоиш тавре қайд карда шуд, Ҳукумати кишвар бо дастгириҳои бевосита ва таваҷҷӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт як қатор ислоҳоти самаранокро татбиқ намудааст, ки он бевосита барои бонувони соҳибкор ҷиҳати пешбурд ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар саросари кишвар мусоидат менамояд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум ба як қатор соҳибкорзанони фаъол, ки дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми арзанда доранд, ҷоиза супорида шуд.
Сипас, кори Ҳамоиш дар доираи панелҳои алоҳида дар мавзуъҳои “Фаъолияти соҳибкории бонувони тоҷик: вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушд”, “Рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва саҳми шахсони имконияташон маҳдуд дар рушди иқтисодиёти кишвар”, “Соҳибкории занон дар марҳилаи дигаргуншавӣ” ва “Соҳибкории занон: комёбиҳо ва бартарафсозии монеаҳо” идома ёфт.
Дар қисмати ҷамъбастии Форум гузориши модераторони панелҳо шунида шуда, миёни иштирокчиёни форум саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.