15-12-2022

Баргузории ҷаласаи 4-уми фосилавии Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

15 декабри соли 2022 таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи 4-уми фосилавии Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар он аъзои Шўрои машваратӣ, роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда, аз ҷумла ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд иштирок намуданд.

PHOTO-2022-12-17-10-29-44.jpg

Ҷаласаро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз намуда, қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба дастовардҳои муҳим, расидан ба зинаи куллан нави рушд, дар бунёди сохтори давлатию ҷамъиятӣ таҳкими иқтидори иқтисодию саноатӣ, сармоягузорию тиҷоратӣ ва таҳкими нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорию соҳибкорӣ ва тавсеаи имкониятҳои содиротии кишвар ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодӣ амалӣ карда мешавад.

Тавре тазаккур дода шуд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ” ва “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Дар идома мулоҳизаҳои Президенти мамлакат вобаста ба таъсис ва фаъолияти босамари Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ қайд гардид.

PHOTO-2022-12-17-10-29-43.jpg

Дар ҷаласа Директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Айтен Рустамова бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, тибқи масъалаҳои рўзномаи ҷаласа гузоришҳои Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саъдӣ Қодирзода, муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Маҳмудзода ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукрулло Хайрзода шунида шуд. Вобаста ба ҳамкориҳо, тавсеаи имкониятҳо дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Ҳамид Нармуратов, мушовири калон оид ба масъалаҳои идоракунии самаранок дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Монголияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баромад намуд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба саволҳои матраҳшуда оид ба ҷараёни таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди тиҷорати электронӣ ва Нақшаи чорабиниҳои он, ки дар ҷаласаи XXII Шӯро дастур дода шудааст ва инчунин мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо вобаста ба вазъи фаъолияти шӯроҳои маҳаллии соҳибкорию сармоягузорӣ дар минтақаҳо маълумот манзур намуданд.

Намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла аъзои Шӯро - Манзура Ғаффорова, Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шафқат”, Наима Норматова, директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, Далер Шарифӣ Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг”, инчунин соҳибкор аз ВМКБ Ёралӣ Бердов, Роҳбари ҶДММ “Саёҳат ва тиҷорати Помир” ва дигарон зимни баромади худ оид ба як қатор масъалаҳои соҳа баромад ва пешниҳодоташонро манзур намуданд. 

PHOTO-2022-12-17-10-29-44 (1).jpg

Мовини якуми Сарвазири мамлакат роҷеъ ба баррасии масъалаҳои беҳтар кардани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат ва маориф, оид ба татбиқи афзалиятҳои амалиётӣ ва стратегии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, таҳлилу омузиши пешниҳодҳои намояндагони бахши хусусӣ ва манзур намудани таклифҳои мушаххас ибрози назар намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа, бо дарназардошти мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои баёнгардида дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид