Мулоқот бо шарикони рушд
Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шурои машваратӣ бо директори минтақавии Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ хонум Наталиа Отел Белан баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ, омода намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо гузаронидани курсҳои бозомузӣ ба соҳибкоронро дар самтҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, пайдо намудани сарчашмаҳои молиявии арзон, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ ва идоракунии корпоративӣ мувофиқи мақсад донистанд.