02-01-2023

Барномаи қарзии «Имкон» аз «Бонки Эсхата» барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст

Дар шаҳри Душанбе 20 декабр вохӯрӣ бо занони соҳибкор баргузор гардид. Ин нишаст дар доираи барномаи «Занҳо дар тиҷорат», ки бори аввал дар Тоҷикистон соли 2017 роҳандозӣ шуда, «Бонки Эсхата» дар амалишавии он саҳм дорад, баргузор шуд. Шарики барнома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар доираи лоиҳаи CAWiB мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар «Бонки Эсхата» хабар доданд.

Тавре дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018 2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Бонуи соҳибкори муваффақ Соҷида Аҳмедова, ки мизоҷи «Бонки Эсхата» аст, соли 2006 тиҷорати худро таъсис додааст. Дар Маркази савдои «Панҷшер»-и Душанбе як ҳуҷраи хурде ба иҷора гирифта, толори арӯсӣ кушод. Сараввал аз 10 куртаи арӯсӣ оғоз кард, ки онро ба иҷора пешниҳод мекард. Оҳиста-оҳиста тиҷорати ӯ то ба 30 либоси арӯсӣ ва ҷои иловагӣ барои иҷора васеъ шуд. Солҳои 2010-2011 Соҷида дар Душанбе боз ду толори кошонаи ҳусн боз кардааст. Ба шарофати меҳнатдӯстӣ, ҳадафрасӣ ва таҷрибаи ғании фаъолияти соҳибкорӣ ӯ имрӯз мавқеъ ва даромади устувор дорад. Маҳз ҳамин гуна занони Тоҷикистон намунаи бонуи муваффақ ҳастанд, ки метавонанд дигар бонувонро барои оғоз ва рушди соҳибкорӣ илҳом бахшанд. Барномае чун «Занҳо дар тиҷорат» занони соҳибкори Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳанд кард.

Вохӯрӣ бо соҳибкорзанон, ки дар шакли семинар баргузор гардид, беш аз 30 нафар занони соҳибкор ва дигар меҳмонони даъватшуда аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.

Роҳбари семинар ҳамоҳангсози лоиҳаи «Зан дар тиҷорат», корманди «Бонки Эсхата» Масъуда Зиёбоева буд.

Сардори Департаменти маркетинг ва рушди «Бонки Эсхата» Фурқатулло Исматуллоев ба меҳмонон ва иштирокчиён барои қабули даъват изҳори сипос намуд.

Сипас, мушовири БАТР CAWIB дар Тоҷикистон оид ба барномаи «Занҳо дар тиҷорат» Малика Абдулвасиева сухан гуфт.

Инчунин дар мавзӯи «Ҷанбаҳои гендерӣ ва монеаҳо дар самти дастрасии занон ба маблағгузорӣ» аз ҷониби коршиноси миллии гендерии БАТР Лола Салимова ҷаласаи машваратӣ доир гардид.

Аз ҷониби мутахассиси SMM-и IWPR Виктория Петрова дар мавзӯи «Пешбурди тиҷорат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ» омӯзиш гузаронида шуд.

Иқтисодчии пешбари бахши қарздиҳии корпоративии «Бонки Эсхата» Мадина Ғафорова маҳсулоти «Имкон»-ро муаррифӣ кард, ки он маҳсулоти қарзӣ барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон аст.

«То имрӯз маблағи пешниҳодшудаи қарзи «Имкон» беш аз 39 млн сомониро ташкил дода, теъдоди мизоҷонаш 1,5 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Мо шодем, ки шарики барномаи «Занҳо дар тиҷорат» ҳастем ва дар якҷоягӣ бо БАТР дар пешрафти минбаъдаи тиҷорати занони тоҷик саҳм мегузорем. Имрӯз бонувон дар самти тиҷорату соҳибкорӣ баробари мардон муваффақона фаъолият мекунанд ва мизоҷони бовиҷдонтарини бонк мебошанд.

«Бонки Эсхата» нақша дорад, ки якчанд вохӯриҳои дигарро бо занон ташкил намояд, ин дафъа он барои соҳибкорзанони вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида мешавад», — сардори Департаменти тиҷорати корпоративӣ ва миёнаи «Бонки Эсхата» гуфт Умарҷон Умаров.

Вохӯрӣ бо мулоҳизаҳои иштирокчиёни семинар ба анҷом расид, ки метавон аз он хулосабардорӣ кард — онҳо ба мушоиати техникӣ дар шакли машваратҳои мутахассисон ва семинарҳо ниёз доранд. Иштирокчиёни вохӯрӣ ба созмондиҳандагони чорабинӣ изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки бо хоҳиши баланд дар чорабиниҳои навбатии барномаи «Зан дар тиҷорат» иштирок хоҳанд кард.

Барнома ба рушди соҳибкории занон тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба молия ва технологияи зарурӣ барои рушди тиҷорат мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки барномаи «Занҳо дар тиҷорат» бори нахуст моҳи сентябри соли 2017 дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд ва «Бонки Эсхата» аввалин бонк дар кишвар буд, ки шарики ҳамин барнома гаштааст.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид