Мизи мудаввар вобастаба дастрасии занони соҳибкор ба захираҳои молиявӣ
Санаи 02 июни соли 2023 мизи мудаввар бо мақсади муаррифии натиҷаҳои тадқиқот оид ба арзёбии вазъи дастрасии занони соҳибкор ба захираҳои қарзӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти иқтидори ташкилотҳои қарзӣ дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Барномаи WAGE (Women and Girls Empowered) маблағгузорӣ мешавад, доир гардид.
Чорабинии мазкур иштироки доираи васеи намояндагони ташкилотҳои молиявию қарзӣ, занони соҳибкор ва намояндагони бахши давлатӣ таъмин гардид.
Дар қисмати расмии мизи мудаввар намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва намояндагони шарикони рушд суханронӣ намуданд.
Тадқиқоти мазкур ба баррасӣ ва таҳлили маҳсулоти қарзии мавҷуда ва дигар хизматрасониҳои муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ошкор намудани монеаҳои дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва хизматрасониҳои бонкҳо барои занони соҳибкор, инчунин гузаронидани арзёбӣ ва таҳлили эҳтиёҷоти занони соҳибкор дар маблағгузорӣ равона шудааст.