18-01-2024

Баргузории мизи мудаввар бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон

16-уми январи соли 2024 дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсии шаҳри Душанбе бо сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ мизи мудаввар вобаста ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ роҳбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Ф. Юсуфзода қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар ва бартараф кардани монеаҳои мавҷуда дар ин самт тадбирҳои саривақтӣ амалӣ созанд.

Қайд гардид, ки масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ҳамчунин дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мунтазам пайгирӣ карда шуда, то имрӯз дар ин самт ислоҳоти назаррас амалӣ гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи супоришҳои протоколӣ ва қарорҳои Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ то имрӯз, 68 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 3 Кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, 35 Қонун, (10 Қонун дар таҳрири нав), 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, ба соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳо амалӣ шудааст.

Қайд гардид, ки аксарияти натиҷаҳои самти мазкур пеш аз ҳама дар заминаи пешниҳоду тавсияҳои соҳибкорону сармоягузорон, омўзишу таҳлил ва муҳокимаву баррасии онҳо дар ҷаласаҳои Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба даст оварда шудаанд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар шароити шадиди рақобат ҷалби сармояи мустақим мушкил гардида, аз ҳар як кишвар андешидани тадбирҳоро ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои фаъолияти сармоягузорон тақозо менамояд. Дар робита ба ин муҳокима ва табодули афкори иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мушкилот ва монеаҳои маъмурии мавҷуда дар самти соҳибкорӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Иштирокчиён атрофи масъалаҳои андоз, гумрук ва таърифаҳои гумрукӣ, санҷишҳо, иҷозатномадиҳӣ, баъзан беҷавоб мондани муроҷиатҳои соҳибкорону сармоягузорон, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аксизҳо, огоҳ нагардидани сармоягузорон аз тағйиротҳо дар қонунгузорӣ, ҳолатҳои такроршавии дархости маълумоту ҳисоботҳо дар фаъолияти мақомоту идораҳо, зарурати таҷдиди назар ба як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таъмини равандҳои воқеии бархурдоршавӣ аз имтиёзҳо, дархости мактуб илова ба меъёрҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда, мушкилии банақшагирии равандҳои истеҳсолию сармоягузорӣ ва таъмини рушди истеҳсолот бинобар мушкилоту монеаҳо, номуназзамии ташкили корҳо ва мусоидати мақомоту идораҳои масъул нисбат ба соҳибкорону сармоягузорон ва дигар масъалаҳо мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти худро иброз намуданд.

Дар муҳокимаи масъалаҳои матраҳгардида намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух гуфтанд.

Дар ҷамъбаст қарор қабул шуд, ки таклифу пешниҳодҳои манзургардида ба Котиботи Шӯрои машваратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ирсол гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Изҳори итминон карда шуд, ки чунин чорабиниҳо барои бартараф намудани мушкилоту монеаҳои мавҷуда, вусъат бахшидани раванди ислоҳот дар самти соҳибкориву сармоягузорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид