20-02-2024

Таъсиси гранти навбатӣ барои ҳунармандон

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024, №73, Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026” ба имзо расид. Тибқи қарори мазкур дар солҳои 2024-2026 дар маҷмуъ 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода шуда, ҳар як грант дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ мебошад.

Тавре маълум аст, самтҳои ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва рушди деҳот мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, санаи 28 ноябри соли 2023 дар ҷаласаи XXIII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ қайд намуданд, ки дар шаҳру деҳоти мамлакат захираҳои инсонии дорои таҷриба ва қобилияту малакаи касбу ҳунарҳо мавҷуд буда, истифодаи самаранок аз он дар рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа метавонад нақши муассир дошта бошад.

Президенти мамлакат дар доираи баррасии ҷанбаҳои гуногуни ин ва дигар масъалаҳои самти мазкур ҷиҳати ташкили шаҳрак ва маҳаллаю гузарҳои ҳунармандию сайёҳӣ, иштироки ҳунармандон дар намоишгоҳ-фурўши маҳсулоти ҳунармандӣ ва ҳарчӣ бештар ба хориҷ аз ҷумҳурӣ баровардани маснуот ва армуғонҳои бо усули хоси миллӣ истеҳсолгардида, инчунин зиёд кардани маблағгузории грантҳои президентӣ ва таъмини дастрасии бештари бонувон ба он, бахусус аз минтақаҳои дурдасти кўҳистон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид