Мулоқот дар Котиботи Шӯро
Нимаи дуюми имрӯз Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Ф. Юсуфзода намояндаи Бонки Осиёгии Рушд, мутахассиси калони БОР оид ба савдо ва соҳибкории хурду миёна Фергус Мерфиро, ки ба ҷумҳурии мо ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди тиҷорати электронӣ, рақамикунонӣ, иқтисодиёти сабз, паркҳои технологӣ, рушди инноватсия мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мунтазам пайгирӣ карда шуда, то имрӯз дар ин самт ислоҳоти назаррас амалӣ гардидаанд.
Дар ин замина яке аз самтҳои ислоҳот ба масъалаҳои тиҷорати электронӣ марбут буда, ҷиҳати иҷрои супориши протоколии ҷаласаи XXI Шӯро аз 25 феврали соли 2021 натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ ба ҷаласаи XXII Шӯрои машваратӣ аз 16 марти соли 2022 пешниҳод гардид. Пас аз баррасии натиҷаҳои таҳлил ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳарчи зудтар таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ» супориш дода шуд, ки он аз 24 октябри соли 2022 қабул гардид.
Ҳамчунин вобаста ба қарорҳои ҷаласаи XXIII Шӯрои машваратӣ аз 28 ноябри соли 2023 ва идомаи корҳо ҷиҳати таъмини иҷрои онҳо, аз ҷумла самти тақвият бахшидани хизматрасониҳои рақамӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ибрози назар карда шуда, қайд гардид, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт мувофиқи мақсад мебошад.
Намояндаи Бонки Осиёгии Рушд Фергус Мерфи ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои зикргардида ва вобаста ба татбиқи ҷанбаҳои дигари ислоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро баён намуд.